Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЛИКИ ҚАЗВИНӢ

СОЛИКИ ҚАЗВИНӢ

СОЛИКИ ҚАЗВИНӢ  ал-Муҳаммади Иброҳим (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронӣ (асри 17). Солики Қазвинӣ аз мардуми Қазвин буда, дар ҷавонӣ муддате дар Исфаҳон зистазст. Солики Қазвинӣ аз Исфаҳон ба Ҳиндустон сафар карда, бо Абӯтолиби Калим ва Муҳаммадҷони Қудсӣ, ки аз шоирони номдорн он давр буданд, мусоҳиб гардидааст. Сипас ба Эрон баргашт, вале аз сабаби ғорат гардидани молу мулкаш боз ба Ҳиндустон рафт ва сокини Кашмир шуд. Маснавие аз саргузашти пурмоҷарои худ таълиф кардааст. Солики Қазвинӣ дар айёми пиронсолӣ ба зодгоҳаш баргашта, дар Қазвин вафот кардааст. Солики Қазвинӣ шоири хушгуфтор ва рангинбаён буда, аз эҷодиёташ куллиёте мерос мондааст, ки дорои 25000 байт аст.

А. Ғаффоров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …