Маълумоти охирин

СОКИНӢ

СОКИНӢ (тахаллусаш; номаш Қосим, лақабаш Ғамза; соли таваллуд ва вафоташ вомаълум), шоири тоҷик (асри 16). Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Бо худомӯзӣ хату савод бароварда, ба китобат машғул будааст. Шоири ғазалсаро; рубоӣ, қита ва мухаммасҳо низ доштааст. Намунаи ашъораш дар тазкираву баëзҳо ба назар мерасанд. Дар ашъори Сокинӣ баробари маззӯъҳои анъанавии адабиёти форс-тоҷик оҳанги шикоят аз замона ҳам ба гӯш мерасад. Ду байти зерин аз як ғазали ишқии Сокинӣ мебошанд;

 

Ҷое, ки ту бошӣ, маҳу хуршед чӣ бошад?

Ҳаргиз натавон бар маҳу хуршед нигоҳ кард.

Бар раҳгузараш монд чунин Сокинӣ охир,

Он дилшударо ишқ чунин рӯй ба роҳ кард.

У. Назиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …