Главная / Гуногун / СОБОЛЕВ Леонид Сергеевич

СОБОЛЕВ Леонид Сергеевич

sobolev-leonid

СОБОЛЕВ Леонид Сергеевич (21.7.1898, Иркутск—17. 2. 1971, Москва), нависандан советии рус, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1968). Омӯзишгоҳи баҳрии Петроградро хатм намудааст. Иштирокчии Ҷанги граждаиӣ (1918—20); солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) мухбири ҳарбии «Правда» буд. Асарҳояш аз соли 1926 нашр шудаанд. Дар романи «Таъмири куллӣ» (ҷилди 1, 1932, бобҳои наваш 1962) таназзули флоти подшоҳӣ дар арафаи Ҷанти якуми ҷаҳон (1914—18), роҳи душвори инкишофи ғоявии офисерон ва матросҳо нишон дода шудааст. Рӯзгори осоиштаи флот ва қаҳрамоииҳои баҳрнавардони советӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар маҷмӯаи ҳикояҳои «Дилбастаи баҳр» (1942; Мукофоти давлатии СССР, 1943), повести «Нури саба» (1954) ва ғайра инъикос ёфтааст. Муаллифи фоҷиаи «Абай» (1941, ҳамроҳи М. Авезов), мақолаҳои зиёде доир ба адабиёт ва мавзӯъҳои иҷтимоию сиёсӣ. Асарҳои Соболев ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Раиси Комитети ташкилӣ (сипас правления)-и ИН РСФСР 1957—70). Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 5—8). Бо 3 ордени Ленин, 4 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …