Маълумоти охирин
Главная / Илм / СКАТОЛ

СКАТОЛ

skatolСКАТОЛ (аз юнонӣ ckor — саргин), В-метиллиндол, пайвасти гетеросиклӣ. Кристалли беранги бадбӯй; t гудозишаш 950С, t  ҷӯшишаш  265°С. Дар об ҳал нашуда, дар ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал мешавад. Скатол ба миқдори кам дар зифти ангиштсанг ва баъзе равғанҳои эфирӣ мавҷуд аст; ҳангоми пӯсидани моддаҳои сафедавӣ ҳосил мешавад. Скатоли синтезиро бо роҳи гарм кардани фенилгидразони алдегиди пропионат ҳосил мекунанд. Скатол дар ҳолати маҳлул хушбӯй буда, чун моддаи муаттар дар атриёт истифода мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …