Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Силсилаи кӯҳии УРАЛ

Силсилаи кӯҳии УРАЛ

УРАЛ, силсилаи кӯҳист дар сарҳади Европа ва Осиё. Ба самти арз аз соҳилҳои баҳри Кара то шаҳри Орск кашол ёфтааст. Тӯлаш зиёда аз 2000 км, бараш аз 40 то 150 км. Урал аз бахшгоҳи асосӣ ва якчанд қаторкӯҳҳои паҳлуӣ иборат аст, ки онҳоро пастиҳои фарох аз ҳам ҷудо кардаанд. Ба Урали Қутбӣ, Урали Наздиқутбӣй, Урали Шимолӣ, Урали Миёна ва Урали Ҷанубӣ тақсим мешавад. Нуқтаи баландтарини Урал —куҳи Народная (1895 м).

ural-kiuh

Як қисми дарёҳои Урал (Печора бо шохобаш Усой, Тобол, Исет, Туря ва ғайра) ба уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва қисми дигарашон (Кама бо шохобҳояш Чусовой ва Белая, дарёи Урал) ба баҳри Каспий ҷорӣ мешаванд. Кӯлҳо бисёранд (Таватуй, Аргази ва ғайра). Қисми шимоли Уралро асосан бешаҳои коҷ ва ножу, ҷанубтари онро бешаҳои санавбару ҷалғӯза (дар шарқ) ва бешаҳои паҳнбарг (дар ғарб) фаро гирифтаанд. Урали Ҷанубӣ дар минтақаи бешадашт ва дашт (қисми зиёдаш заминҳои корам) воқеъ гаштааст. Дар ҳудуди Урал мамнӯъгоҳҳои Печораю Илич, Висим, Илмен, Бошқирдистон мавҷуданд. Конҳои маъдани оҳан, мис, хромит, никел, намакҳои калий, асбест, сангҳои қиматбаҳо, ангишт, нефт ва ғайра дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …