Маълумоти охирин

ШӮРНОК

ШӮРНОК, як навъ ноки маҳаллист. Дарахташ то 10—15 м қад мекашад. Пустлохи тана ва шохҳояш хокистарранг, навдаҳои палаш дигарранг, баргаш калон (дарозиаш 12,5 см, бараш 4—6 см). Мевааш лунда (андаряк 198 г), пусташ ғафси сахт, зард (холҳои ҷигарранг дорад), мағзаш сахти зардча, хуштаъм, ширин ё андак нордон (7,8% қанд, 0,16% туршӣ ва 0,50 мг% витамини С дорад). Ох. окт. мепазад. Дер мепояд (6—7 моҳ,). Ш. баъди 5—6 соли пайванд ба ҳослл медарояд. Серҳосил аст. Дарахтл 40-солаи он то 280 (баъзан то 700) кг ҳосил медиҳад Ш.-ро бештар дар деҳаи Ворухи раёни Исфара (вил. Ленинобод), р-ҳои Чуст, Поп ва Кирови РСС Узб. мепарваранд.

Ад.: Қосимов М.. Навъҳои маҳаллии муруду нокҳо. Д.. 1971.

murud

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …