Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРИШИ СОЛИ 1916 ДАР ТОҶИКИСТОН

ШӮРИШИ СОЛИ 1916 ДАР ТОҶИКИСТОН

 ШӮРИШИ СОЛИ 1916 ДАР ТОҶИКИСТОН, хуруҷи халқи мазлуми тоҷик бар зидди сиёсати мустамликадорони ҳукумати подшоҳии Россия дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18). Ба оғози шуриш фармони подшоҳ аз 25 июни 1916 дар бораи ба корҳои ақибгоҳи армияи амалкунанда сафарбар кардани аҳолии маҳаллии кишв. Туркистон баҳона шуд.

shurish

Дар Осиёи Миёна аввалин шуда, меҳнаткашони ш. Хуҷанд шуриш бардоштанд. (ниг. Шуриши соли 1916 дар Хуҷанд). 5 июли 1916 қариб 700 наф. сокинони волости Қистакуз ба ёрии шуришчиёни Хуҷанд омаданд. Шӯриш ба Уротеппа (ниг. Шуриши соли 1916 дар Уротеппа) ва дигар волостьҳои шим. Тоҷикистон паҳн гардид. Аҳолии шуришбардошта ба сӯи Панҷакент равона шуд. Маъмурияти ҳукумати подшоҳӣ барои пешгирӣ кардани шуриш гарнизони участкаи Панҷакентро бо казакҳо мустаҳкам кард. Бо вуҷуди ин аҳолии куҳистони шим. Тоҷикистон, алалхусус дар волостьҳои Панҷакент, Офтобруя аз Киштут аз додани мардикорон cap кашиданд. Ҳаракати корпартоии коргарони роҳи оҳани Бухоро ва ошубҳои деҳқонони маҳалҳо хусусан с. 1916 ба муносибати пурзур шудани ҳаракати озодихоҳии миллии халқҳои кишв. Туркистон авҷ гирифтанд. Шуриши деҳқонони бекии Қубодиён ба муқобили концепсияи Айваҷ чунон пуршиддат буд, ки барои хомуш кардани он аз Бухоро сарбозон оварда шуданд. Дар амлокдории қалъаи Лабиоби бекии Қаротегин бо сардории мардикори мавсимӣ Қаландаршо шуриш cap зад. Шуриши с. 1916, ки асосан ба муқобили тартиботи мустамликадории ҳукумати подшоҳӣ равона шуда буд, дар рафти инкишофи худ дар шим. Тоҷикистон ба ҳаракати дорои хусусияти зиддифеодалӣ низ табдил ёфт. Ш. дар таърихи муборизаи революционии меҳнаткашони Тоҷикистон аҳамияти калон дошт. Вай дар арафа ва давраи ҳаракати озодихоҳии миллии халқҳои кишв. Туркистон ба амал омада, ба муқобили зулми хуҳумати подшоҳӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ нигаронида шуда буд ва ҳамраъйии халқи тоҷикро ба муборизаи умумии зидди империализми Росия ифода Мекард.

Г. Каримов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …