Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОИСМОИЛОВА Сабзаҷон

ШОИСМОИЛОВА Сабзаҷон

ШОИСМОИЛОВА Сабзаҷон (тав.10.5.1923, р-ни Рӯшон) актриса ва сарояндаи совети тоҷик (сопронаи лирикӣ). Арт. Халқии РСС Тоҷ.(1971). Аъзои КПСС аз с.1950. Аввал (аз с.1936) дар дастаи ҳаваскорони санъат баромад мекард. Аз с.1940 ҳунарпешаи Театри драмаи мусиқии ш.Хоруғ, С.1946 ҳангоми нахустин сафари ҳунарии театри мазкур ба Сталинобод Ш. нақшҳои Борсултон («Қишлоқи тиллои»-и М.Миршакар), Галчиха («Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А.Астровский), Зулфия («Домоди сохта»-и М.Волцин ва Н.Эрдман)-ро хеле хуб офарид. Минбаъд ролҳои гуногунро бо маҳорати баланд бозидааст. Ш. зиёда аз 200 нақши гуногунро иҷро кардааст. Репертуари овозхонии Ш. низ гуногунранг (сурудҳои халқии тоҷикиӣ, асарҳои оҳангсозони тоҷик, сурудҳои халқҳои СССР) мебошад. Бо 2 ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо мукофотонида шудааст.

Б.Раҳматов

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …