Маълумоти охирин

ШОҲӢ

ШОҲӢ, як навъ матоъи абрешнминро гӯянд. Барои тайёр намудани Ш. ҳунарманд тору пуди абрешимн тайёркардаро як хел ранг медиҳад. Онро зангор, пуштӣ ва дигар хел ранг додан мумкин аст. Намуди дигари Ш. бо роҳи печонидани асос нақшу нигор дода мешавад. Аммо Ш.-и рах-рахи нақшаш чорхонадорро кам мебофанд. Ш.-и суфта барои куртаҳои идона ё туёнаи занон ва рӯймолҳо истифода мешуд. Ш.-ро дар гузашта косибон мебофтанд, ҳоло бошад, дар корхонаҳои саноати бофандагӣ истеҳсол карда мешавад.

shohi

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …