Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ШКАНД ГУМОНИК ВИЧОР»

«ШКАНД ГУМОНИК ВИЧОР»

«ШКАНД ГУМОНИК ВИЧОР» [паҳлавӣ—«Гузориш (рисола)-и рафъкунандаи гумонҳо»], яке аз осори адабиёти паҳлавист, ки тақр. с. 850 аз тарафи Мардонфаррухи Ҳурмуздодон ном мубади зардуштия таълиф шудааст. Мавзуи китоб шарҳу тафсири аҳкоми зардуштия, шиносонидани навомӯзон (ҷавонони ҷомеаи зардуштӣ) бо асосҳои зардуштия, дур кардани шакку гумонҳои онҳо ва танқиди динҳои дигар, аз қабили ислом, масеҳият, динии яҳудӣ, монавия мебошад. Тамоми китобро, ки аз 16 боб иборат аст, ба ду бахш ҷудо кардан мумкин аст: 1) Посух ба пурсишҳо дар бораи шариатии зардуштия. 2) Интиқод аз динҳои бегона.

Бахши якум дар бораи зардуштия ва моҳияти он, дуализми ин дин, нормаҳои ахлоқии пайравони он, муқоисаи зардуштия бо дигар динҳо маълумоти зиёдеро дар бар мегирад. Танқиди аҳком, қонуну  қавоиди диндон дигар, махсусан ислом, ки дар он давра нуфузи зиёде дошт, аз аҳамият холӣ нест. Гарчанде муаллиф зардуштияро, ки бо вуҷуди баъзе ҷиҳатҳои мутараққияш василаи истисмори халқ буд, муҳофизат менамояд, динҳои дигарро озодфикрона танқид кардани у барои бедории шуури мардуми он давра аҳамияти калон дошт. Муаллиф баъзе мактабҳои маъмули замонаш, аз ҷумла ҷазррияро мавриди танқид қаpop додааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …