Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШИРШАВЛА

ШИРШАВЛА

ШИРШАВЛА, шулла, шуллаи ширӣ, як навъ хуроки миллист, ки аз қадим байни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон маъмул аст. Тарзи пухтани Ш. дар тамоми шаҳру деҳоти Тоҷикистон қариб як хел аст. Ба деги обдор биринҷи шустаро андохта, то нимпаз шуданаш меҷӯшонанд. Баъд ба дег шир андохта (ба 300 г биринҷ 1 л шир), то пухтани он маҳин ҷӯшонда, сипас намак ва равған маска илова мекунанд. Баъзан ба Ш. мувофиқи табъ қанд ё шакар низ меандозанд.

Ад.: Аминов С., Ванукевич А., Таомҳои тоҷикӣ, Д.. 1967.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …