Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШИБЛИИ НӮЪМОНӢ

ШИБЛИИ НӮЪМОНӢ

ШИБЛИИ НӮЪМОНӢ (1857, ш. Аъзамгарҳи Ҳиндустан— 18. 11. 1914, ҳамон ҷо), адабиётшинос, нависанда ва ходими ҷамъиятии Ҳиндустон. Мадрасаи Аъзамгарҳро хатм кард. Муддате ба адвокатӣ машғул шуд. Ба шаҳрҳои Ҳиндустону Арабистон сафар карда, аз уламои он ҷойҳо дониш андухт ва барои асарҳояш маводи фаровон ҷамъ овард. Мудири шуъбаи форсии Коллеҷи Алигард, раиси мактаби мусулмонии «Надва.т-ул-уламо»-и Алигард буд. Азбаски усули нави таълим ва омузиши илмҳои ғайридиниро тарафдорӣ мекард, мутаассибон уро ба танг оварданд ва маҷбур шуд, ки мактабро тарк кунад. Солҳои охири ҳаёташ ҷамъияти «Дор-ул-мусанни-фин»-ро таъсис намуда, донишмандону адибони зиёдеро дар он ҷамъ овард. Муҳимтарин асарҳои Ш. Н. «Исҳот-ул-муқтадӣ», «Ал-Ҷузъия», «Мазомини Оламгир», «Ҳаёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ», «Ал-форуқ» «Ал-Маъмун», «Рисолаи таълими гузашта», «Илмул-калом», «Сират-ул-Нуъмон» (3 ҷилд), «Ал-Ғазолӣ», «Нақли тамаддуни исломӣ» ва ғ, мебошанд. Ш. Н. ба масъалаҳои таърихи ислом, фалсафа, адабиёт, мантиқ ва адабиётшиносӣ дахл кардааст. Ш. Н. дар асарҳои фалсафии худ аввалинбор назрияҳои фалсафии олимони Шарқу Ғарбро муқоиса намуда, ба онҳо аз мавқеи фалсафаи исломӣ наздик шудааст. Бо вуҷуди баъзе камбудиҳои ғоявӣ тадқиқоти адабиётшиносии Ш. Н., махсусан, «Шеър-ул-Аҷам»-и у то имруз аҳамияти худро нигоҳ доштаанд, Ш. Н. насрнавис ва шоир низ буд. Ашъори форсиаш дар «Куллиёти форсӣ» фароҳам омадааст. Вай ба Ҳофизи Шерозӣ ва Соиби Исфаҳонӣ пайравӣ карда, анъанаҳои беҳтарини онҳоро идома додааст. Асарҳои Ш. Н. бо забони соддаву равон навишта шудаанд.

Ш. Н. ба муқобили Лигаи мусулмонӣ, ки бо матлаби танги динӣ мехост мусулмононро аз ҳаракати умумихалқии Ҳинд ҷудо созад, мубориза мебурд ва ташкилоти Конгресси миллиро тарафдорӣ мекард.

А. Алимардонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …