Маълумоти охирин
Главная / Илм / ШАККОКИЯ

ШАККОКИЯ

ШАККОКИЯ (ар.     — шаккокӣ, нобоварӣ, шубҳа), скептицизм, ҷараёни фалсафиест, ки ба имконияти маърифати воқеияти объективӣ боварӣ надорад. Мувофиқи таълимоти Шакокия одам ба дарки сабаби ҳодисаҳо қодир нест, лекин оқибати онҳоро донистану ба эътибор гирифтанаш мумкин аст. Шаккокиён ба маърифати моҳияти ашё ва касби дониши муътамад шубҳа доштанд, вале фаъолияти оқилонаи амалии инсонро инкор намекарданд.

Шаккокия ҳамчун системаи ақоиди фалсафӣ дар а. 4 то м. дар Юнони Қадим ташаккул ёфт. Асосгузори он Пиррон (365—275) буд. Минбаъд Шаккокия дар доираи Академияи Афлотунӣ нуфуз пайдо кард. Намояндагони машҳури Шаккокия Тимон, Аркесилай, Карнеад, Энесидем, Агриппа буданд. Дар асрҳои аввали мелод Шаккокия дар фалсафаи римӣ васеъ интишор ёфт. Фаъолияти охирин намояндаи ин ҷараён С. Эмпирик тақр. ба нимаи дуюми а. 2 ва ибт. а. 3 рост меояд.

Шаккокия ҳамчун ақоиди фалсафӣ дар давраи таназзули муносибатҳои иҷтимоии сохти ғуломдорӣ ва барҳам хурдани идеалҳои он ба вуҷуд омад. Он фақат ифодакунандаи кушиши омма барои истиқлоли «иҷимоӣ буд ва онҳоро ба тамкину атараксия (фориғболӣ) ҳидоят мекард. Шаккокия ба атараксия расиданро як навъ кайфият ё камоли саодат тавсиф менамуд. Аз ин рў, он ва нафақат таълимоти фалсафӣ, балки равонию (психологӣ) педадогӣ низ мебошад.

Мазмуни асосии Шаккокия аз танқиди таълимоти мухталифи системаҳои мутазоди фалсафӣ иборат аст. Шаккокия ба ин қабил системаҳо тасаввуроти муқаррариро бидуни исботи боэътимодии ҳақиқаташон муқобил мегузошт. Зеро пайравонаш чунин мепиндоштанд, ки ба фаро расидани атараксия аз таълимоти фалсафӣ дида тасаввуроти муқаррарӣ бештар таъсир мерасонад. Дар асрҳои миёна Шаккокия ҷанбаи муҳими фалсафаи тасаввуф қарор гирифт. Аҳли тасаввуф имкониятҳои маърифатии аҳли инсонро инкор мекарданд. Анъанаи суфиёнро Муҳаммади Разолӣ давом дод. Шаккокия дар таълимоти Умари Хайём ва Ҳофизи Шерозӣ майли озодандешӣ пайдо кард. Шаккокияи онҳо, ки натиҷаи саъйи дарки асрори вуҷуд ва шарҳи моҳияти мақсади зиндагии инсон буд, зуҳуроти эътироз ба муқобили аҳкоми шаръӣ ҳисоб мешуд.

Фалсафаи а-ҳои то—17 низ саршори руҳи Шаккокия аст. М. Монтень, П. Бейль (1647—1706) мункири ҳақиқати динӣ шуда, озодии ақоиди мазҳабиро тарғиб мекарданд. Декарт Шаккокияро ҳамчун усули дарёфти тафовути байни ҳақиқату иштибоҳ ва дониши муътамаду носаҳеҳ истифода бурдаасг. Д. Юм Шаккокияро бо агностицизм яксон медонад.

Ад.: Эмпирик С., Соч. н двух томах М., 1970; Лаэртий Д., О жизни. учениях и изречениях знаменитых философом, м., 1970; Асмус Ф, в., Античиная философия, М., 1976.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …