Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Новокуйбишевск

Шаҳри Новокуйбишевск

Новокуйбишевск, шаҳрест дар вилояти Куйбишеви РСФСР. Дар соҳили чапи дарёи Волга (6 км дуртар аз дарё) воқеъ гардидааст. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 109 ҳазор нафар (1979). Новокуйбишевский комбинатҳои химияи нефт, истеҳсоли маҳсулоти нефт, заводи спирти синтезӣ ва корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, сабук ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ до­рад. Факултети шабонаи Институти политехникии Куйбишев, техникумҳои нефту химия, индустриалию педагогӣ, омӯзишгоҳи тиббӣ мавҷуданд. Новокуйбишевский соли 1952 ба туфайли сохтани корхонаҳои саноати нефту химия бунёд ёфтааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …