Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри САРАЕВО

Шаҳри САРАЕВО

САРАЕВО, шаҳрест дар Югославия, пойтахти Республикаи Сотсиалистии Босния ва Герсеговина. Дар ҳар ду соҳили дарёи Миляска воқеъ аст. Аҳолиаш 350 ҳазор нафар (1978). Узели мӯҳими нақлиёт, маркази тиҷорат ва саноати мамлакат. Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ (истеҳсоли мотору дастгоҳҳо, асбобҳои оптикӣ, велосипед, таҷҳизоти электротехникӣ), металлургияи сиёҳ, электроника, хӯрокворӣ (консерви мева ва ғайра), тамоку, қолинбофӣ, бофандагӣ, чарму пойафзол, собунпазй, чӯбгарӣ, мебел ва ғайра. Қариб 1,5 ҳазор корхонаи ҳунармандӣ дорад.

29565314084_d3db63e0f2_o

Дар Сараево Академияи фанҳо ва санъат, университет ва дигар донишкадаҳои олӣ, институтҳои тадқиқоти илмӣ, китобхона, нигористони суратҳо, музею театрҳо мавҷуданд. Киностудия дорад. Дар наздикии Сараево курорти Илиҷа ҳаст. Аз осори меъмории асрҳои гузашта, ки ба услуби Шарқ сохта шудаанд, масҷиди Хусравбек (1531), масҷиди Алиподшоҳ (1561) боқӣ мондаанд.
Сараево ҳамчун шаҳр бори аввал дар сарчашмаҳои соли 1244 бо номи Врхбосна зикр ёфтааст. Соли 1435 онро туркҳои усмонӣ истило намуданд. Соли 1507 шаҳр Сараево ном гирифт. 28 июни 1914 дар Сараево валиаҳди Австро-Венгрия Франс Фердинанд кушта шуд ва ин боиси оғози Ҷанги якуми ҷаҳонӣ гардид.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …