Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САУКОВ Александр Александрович

САУКОВ Александр Александрович

САУКОВ Александр Александрович (15. 8. 1902, деҳаи Чурилово, ҳоло райони Некоузи вилояти Ярославл — П23. 10. 1964, Москва), геохимики советӣ, доктори илмҳои геологияю минералогия (1946), профессор (аз 1952), аъзо-корреспондент. Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1953). Шогирди А. Е. Ферсман. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз 1945. Баъди хатми Институти политехникии Ленинград (1929), аввал дар Институти фанҳои ге- ология, баъд дар Институти геологияи конҳои маъдан, петрография, минералогия ва геохимияи Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик АФ СССР кор кард. Асарҳои асосиаш ба геохимияи симоб ва элементҳои нодир, услубҳои геохимиявии ҷустуҷӯи кони сарватҳои зеризаминӣ ва проблемаҳои назариявии геохимия оиданд. Равияи таърихиро дар геохимия инкишоф дод. Сауков дар Осиёи Миёна, Кӯҳистони Олтой, Забайкалияи Шарқӣ паҳншавии маъданҳои симобу сурма ва геологияи онҳоро омӯхта, конҳои нав кушод, Дар кашфи апатит дар нимҷазираи Кола ва кварси оптикӣ дар Помир иштирок намуд. Ба шарафи Сауков минерале сауковит номида шуд. Сауков барои монографияи «Геохимияи симоб» (1946) ва китоби дарсии «Геохимия» (1950) сазовори Мукофоти давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1947, 1952) гардидааст. Лауреати Мукофоти Ленинӣ (1965). Аъзои фахрии Ҷамъияти геологии Корнуолл (Британияи Кабир). Бо 3 ордени Байрақи Сурхи меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Асос: Геохимические методы поисков месторождений полезных ископаемых (китоби дарсӣ), Москва, 1963; Геохимия. 4 издание, Москва, 1975.
Адабиёт,: Феодотьев К. М., А. А. Сауков выдающийся геохимик, дар китоби; Очерки геохимии отдельных элементов, Москва„ 1973.*

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …