Маълумоти охирин
Главная / Илм / САНКХЯ

САНКХЯ

САНКХЯ. (санскрип, айнан — шумора, ҳисоб), яке аз шаш мактаби рошидии (бараҳмании) фалсафии Ҳиндустон, ки Ведаро эътироф мекунад. Асосгузораш Капила (асри 7 то милод). Таълимоти Санкхя ба вайшешика ва йога наздик буда, ба веданта ва миманса муқобил аст. Давраи классикии Санкхя аз асрҳои 3—4 то 7—8 дониста шудааст. Таълимоти фалсафии Санкхя моҳиятан дуалистӣ буда, ба тазоди ду мабдаи ҷовид: пракритӣ (нахустматерия) ва пурушӣ (рӯҳ) асос ёфтааст; охирӣ аввалиро аз ҳолати карахтию сокинӣ бароварда, ба сохтусози тамоми олами моддию маънавӣ водор месозад. Мақсади ҳастӣ аз ҳам ҷудо кардани пурушӣ ва пракритӣ, «озодкунии» пурушӣ дар шакли мабдаъҳои фардии рӯҳист. Санкхя ба буддоия ва дигар системаҳои фалсафии Ҳипд таъсир расондааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …