Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / САҲРОИ КАБИР

САҲРОИ КАБИР

САҲРОИ КАБИР биёбонеет дар Африкаи Шимолӣ, калонтарин биёбони тропикии кураи замин (қариб 1/4 ҳиссаи қитъаи Африкаро ишғол мекунад). Дар ҳудуди ноҳияҳои ҷазираи Марокаш, Тунис, қисми зиёди Алҷазоир, Мавритания, Республикаи Мисри Араб, Либия, ноҳияҳои шимоли Мали, Нигерия, Чад ва Судон воқеъ гардидааст. Биёбон аз Ғарб ба Шарқ 5700 км, аз Шимол ба Ҷануб (дар қисми миёна) қариб 2000 км тӯл кашидааст. Релефи биёбонро бештар ҳамвориҳои аз 500 м пасттар, дар соҳилҳои уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин аз 200 м пасттар ташкил медиҳанд. Дар Саҳрои Кабирии Марказӣ массивҳои кӯҳии Аҳаҷҷар (кӯҳи Таҳат, 3003м) ва Тибести (кӯҳи Эмиқавс, 3415 м, нуқтаи баландтарини Саҳрои Кабир) воқеъ гаштаанд. Ба Аҳаҷҷар ва Тибести аз Ҷануб пуштакӯҳҳои Ифорас (то 728 м), Аир (то 1900 м) ва Эннеди (то 1310 м) пайваст шудаанд. Ландшафти Саҳрои Кабир хеле гуногун: 70% территорияи он аз биёбони санглох, биёбони регзор ва шӯрзаминҳо иборат аст; дар территорияи боқимонда ландшафти кӯҳӣ, дар ноҳияҳои ҷанубии қисми шимолӣ ва шимоли шарқии биёбон регҳои равон вомехӯранд. Сарватҳои зеризаминиаш: нефт, газ, конҳои маъдани оҳан, мис, волфрам, уран. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Саҳрои Кабир, асосан дар территорияи Алҷазоир ва Либия, конҳои калони нефт ва гази табиӣ кашф ва аз худ карда шуданд; ғайр аз ин конҳои ангишт, фосфорит ва кӯлҳои содадор низ мавҷуданд.
Иқлими Саҳрои Кабир тропикӣ ва биёбонист. Дар Саҳрои Кабир (ба ғайр аз водӣ ва делтаи Нил) қариб 3 миллион нафар аҳолӣ зиндатӣ мекунад, Аҳолии Саҳрои Кабир аз замонҳои қадим бо чорводории кӯчӣ, ҷамъоварии гиёҳои фоиданоки худрӯй ва меваҷот, дар воҳаҳо бо киштукор машғул буда, бештар дарахти хурмо, инчунин ғалла ва сабзавот парвариш мекунад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …