Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОҲИ ОҲАНИ ОРЕНБУРГ—ТОШКЕНТ

РОҲИ ОҲАНИ ОРЕНБУРГ—ТОШКЕНТ

РОҲИ ОҲАНИ ОРЕНБУРГ—ТОШКЕНТ, роҳи оҳани муқаррариест байни Оренбург — Тошкент. Солҳои 1901—1906 сохта шудааст. Тӯлаш 1736 чақрим (970 чақрим ба вилояти Сирдарё ва қисми шимолу шарқии соҳилҳои баҳри Арал тӯл мекашад). Аз Кинел то Оренбург (354 чақрим) низ роҳи оҳан сохта шуд. Соли 1906 хатти умумии роҳи
oҳан ба 2090 чақрим мерасид. Ба сохтмони Роҳи инженер А. И. Урсати ва О. Н. Вяземский роҳбарӣ карданд. Вазифаи Р. пайвастани хатти роҳи оҳани Осиёи Миёна бо шабакаи умумии
pоҳи оҳани Россия буд.

rohi-ohan
Ба Россия пайвастани Осиёи Миёна масъалаи гузарондани Роҳриро ба миён онард. Солҳои 1865—1888 зиёда аз 40 лоиҳаи роҳ мавриди муҳокима қарор гирифт. Ибтидои солҳои 70 асри 19 зарурати сохтмони Роҳ ба миён омада, корҳои тайёрӣ cap шуд. Мақсадҳои ҳарбию сиёсии ҳукумати подшоҳии рус боиси ба суи вилояти Закаспий сохта шудани Роҳ гардид. Ва ин сабаб шуд, ки нақшаи сохтмони ин роҳ муваққатаи қатъ гардонида шавад.
Баъди то Тошкент сохта шудани роҳи оҳан (1899) назорати ҳарбӣ моҳи апрели ҳамон сол масъалаи сохтмони роҳи мазкурро ба миён гузошт. Бартарии ин роҳ нисбот ба дигар лоиҳаҳои роҳ дар он буд, ки вай бозори Сибирро бо бозори осиёимиёнагӣ ва Осиёи Миёнаро бо районҳои саноати кӯҳии Урал бевосита мепайваст. Апрели 1900 ҳукумати подшоҳӣ доир ба сохтмони Роҳ қарор қабул кард. Баҳори соли 1901 сохтмопи он cap шуд. Қитъаи шимолии роҳ: Орен¬бург — Кубек (945,5 чақрим) 26 августи 1905, қисми ҷанубиаш: Кубек —
Тошкент (790 чақрим) 1 январи 1906 буд шуд. Қисми ҷанубии роҳ — ха¬ти Саксавул — Тошкент (974 чақрим) аз байни Туркистон мегузашт. Бо истифодаи ин роҳ роҳи оҳани Осиёи Миёна ба шабакаи умумии роҳи оҳани умумироссиягӣ ҳамроҳ шуд. Ҳаракати мустақим, бетаваққуф ва мунтазами ҳарбӣ, пассажиру боркашони аз Петербург то Кушка ва Красповодек cap шуд. Бо сохта шудани ин роҳ системаи ягонаи бениҳоят бузурги нақлиёт ва алоқаи доимӣ, ки қисми таркибии роҳҳои оҳани Осиёи Миёна, Закавказпя, роҳи бу¬зурги обии Волга ва ғайра буд, ба вуҷуд омад. Роҳ мавқеи ҳукумати подшоҳии русро дар Осиёи Миёна, Қазоқистон, Закавказия мустаҳкам кард. Он ба равнақи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва инкишофи минбаъдаи муносибатҳои капиталистӣ мусоидат кард. Роҳ, бо вуҷуди он ки ба манфиати ҳукумати подшоҳӣ ва буржуазияи рус хизмат мекард, аҳамияти калони иқтисодӣ, иҷти¬моӣ, сиёсӣ ва маданб дошт. Дар хатти Роҳ 35 стансия, инчунин депою устохонаҳои роҳи оҳан, биноҳои истиқоматӣ ва ғайра сохта шуданд, боркашонӣ ва равуои мусофирон аф¬зуд. Чунончи, соли 1909 ба воситаи Роҳ 141,5 млн пуд бор ва 1,6 млн мусофир кашонда шуд. Аҳамияти боркашонии Роҳ, хусусан дар пахтакашонӣ афзуда, соли 1912-ум 43 фоиз, соли 1914-ум 74 фоиз пахтаи Осиёи Миё¬на ба Россия аз ҳамин роҳ кашонда шуд. Соли 1912 тавассути Роҳ нисбат ба роҳт оҳани Красноводск зиёда аз 13 млн 300 ҳазор пуд моли тиҷоратӣ ка¬шонда шуд.
Роҳ инчунин ба ташаккули проле¬тариати роҳи оҳан (хусусан роҳи- оҳанчиёни маҳаллӣ) сабаб шуд. Дар сохтмони Роҳ 30 ҳазор нафар коргарон (русҳо, қазоқҳо, тоҷикон, ӯзбекҳо, эрониҳо, тоторҳо, арманҳо, полякҳо, немисҳо ва ғайраҳо) кор мекарданд. Дар сохтмони ин роҳ мардикорон (аз ҷумла мардикорони Бухорои Шарқӣ, водии болооби Зарафшон ва ғайра) иштирок доштанд. Шароити вазнини меҳнат, касалиҳои гуногун норозигии роҳиоҳанчиёнро ба амал овард. Соли 1901 норозигии коргарон ба задухӯрди стихиявӣ табдил ёфт. Тобистони 1903 дар қатъаи шимолии Роҳ 1800
нафар коргарон исён бардоштанд. Дар солҳои револютсияи якуми рус бинокорони Роҳ дар ҳаракатҳои револютсиюнӣ фаъолона иштирок намуданд, Масалан, аз 15 октябр то 2 ноябр 1905 ва аз 15 ноябр то 9 декабр 1905 ду корпартоии калони роҳиоҳанчиён ба амал омад. Ноябри 1908 корпартоии калони коргарони роҳ ба вуқӯъ омад ва ҳукумат маҷбур шуд талабҳои иқтисодии онҳоро қонеъ гардонад. Дар солҳои минбаъда корга¬рони Роҳ борҳо корпартоӣ намуда, дар сафи пеши муборизаи револютсионии синфи коргари кишвари Туркистон мерафтанд.
Ад.: Асылбеков М. X., Некоторые вопросы истории строительства Орен-бургско-Ташкентской железной дороги, «Изв. АН Казахской ССР, сер. история, археологии и этнографии», в. 2 (19), 1962; Суворов В., Историко-экономи¬ческий очерк развития Туркестана (по материалам железнодорожного строи¬тельства в 1880—1917 гг.). Ташкент, 1902; Ахмеджанова 3. К., К истории строительства железных дорог в Сред¬ней Азии (1880—1917 гг.), Ташкент, 1965.
Ю. Бозоров

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …