Маълумоти охирин
Главная / Биология / РОҲДАВАК

РОҲДАВАК

РОҲДАВАК, р а ҳ д а в а к, айкнас, барсиёндору, б а т б о т, парсиёндору, персиёндору, с а д п а й ван д, садпайвандак гибёҳи яксолаи доруиест аз оилаи торо¬ниҳо. Пояаш одатан дар рӯи замин мехобад (дарозиаш то 60 см), баргаш нештаршакл ё гирдаи дарозрӯя, белча ё забончашакл ва ғайра мешавад. Гулаш майдаи сабзтоб, канораш сафедча 6 гулобӣ, 1— 5-тоӣ дар қадди шохчаҳо баробар ҷойгир аст. «Чормағзак»-аш сеқирраи сиёҳтоби холдор (вазни 1000 донааш 1,3—1,4 г). Давраи гулшукуфту мевабандиаш тӯлонист (май-ноябр). Роҳдавак дар бисёр кишварҳо (Америка, Африка, Австралия, Евросиё ва СССР) маъмул аст. Роҳдавак дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон (аз доманакӯҳ то баландкӯҳ) мерӯяд. Дар канори роҳ, замини бекорхобида, боғу саҳро ва чун алафи бегона дар киштзор месабзад.

67c1d129d5940c1fd85b25803799c048
Роҳдавак гиёҳи қадимаи доруист. Табибони атиқа Бақрот ва Ҷолинус Роҳдавакро чун давои хунбанд истифода бурдаанд. Дисқуридус (Диоскорид) Роҳдавакро давои усрулбавл хондааст. Давоии Роҳдавакро ҳакимони бузурги Шарқ Закариёи Розӣ, Абӯрайқони Берунӣ ва Абуллии Сино низ қайд кардаанд. Бӯалӣ шираи Роҳдавакро барои рафъи хунпартоӣ тавсия медод. Бо он захми рӯдаро низ даво мекард.
Аз Роҳдавак марҳаме тайёр карда ба омос мебаст. Роҳдавак дар тибби халқӣ низ хеле маъмул шудааст. Дар тибби халқии РАСС Коми ва Ёқутистон ҷӯшоби баргу пояи Роҳдавакро барои табобати илтиҳоби шуш, санги гурда, газаки меъда тавсия медиҳанд. Дар Бело¬руссия бо ҷӯшоби он иллати ҷигар, меъда, буғумдард ва бавосирро муолиҷа мекунанд, баргу пояи Роҳдавакро дар шир ҷӯшонда обашро аз рагкашӣ менӯшанд. Ақидаи илмие низ даст, ки санги гурдаро ба peг табдил дода, бо пешоб меронад. Ба ин мақсад аз ҳаҷми баробари баргу пояи Роҳдавак барги ҷуворимакка, пӯсти ғилофаки лӯбиё, решаи алафи гунҷишк ва бар¬ги бусир омехтае тайёр мекунанд.
Ба болои 15 г чунин омехта 200 мл оби ҷӯш рехта муддате ором мегузоранд ва онро баъди софкорӣ дар давоми рӯз (ҳар дафъа 2 чумчагӣ) менӯшанд. Табибони халқии Оси¬ёи Миёна ва аз ҷумла Тоҷикистон Роҳдавакро барои табобати касалиҳои безгак, узвҳои ҳозима (газак ва захми меъда), сил ва сулфакабутак исти-фода мебурданд. Аз баргу пояи тари Роҳдавак бо равғани зард марҳаме тайёр карда ба қубо (лишай), омос ва дунбал мебанданд. Дар тибби муосир доруҳои обакӣ ва «авикуларен» — Avicularenum, ки аз Роҳдавак тайёр мекунанд, давои дарди занҳост. Баргу пояи Роҳдавак ҷузъи таркибии микстураи Здренко (воситаест барои ошкор сохтани саратон) мебошад.
Роҳдавак хӯроки хуби чорво аст. Хошоки онро, ки ба монанди лӯбиёиҳо ва хӯшадорҳо серғизост, гов, бузу гӯсфанд нағз мехӯранд. Баргу пояи Роҳдавак
7% оҳар, 14% протеин, 12,2% сафеда, 5,23% равған, 7,2% қанди ҳалшаванда, қариб 3% моддаҳои даббоғӣ, 100—127 мг% витамини С, 13—40 мг% каротин, витамини К, гликозидҳои авикуларии, гиперозид, квер¬тсетин ва ғайра дорад. Аз решаи Роҳдавак ран¬ги кабуд ва зард мегирифтанд.
Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 3, Л., 1968; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976.
М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …