Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ МУСИҚӢ»

«РИСОЛАИ МУСИҚӢ»

«РИСОЛАИ МУСИҚӢ» асари илмист оид ба мусиқӣ. Асрҳои 16—17 ба забони тоҷикӣ дар Бухоро таълиф шудааст. Муаллифаш номаълум. «Рисолаи мусиқӣ» аз муқаддима ва ҳашт фасл иборат «аст. Муқаддима аз таснифот, мавқеи илми мусиқӣ, назари мусиқишиносои ба ин санъат ва ғайра баҳс мекунад. Фасли аввал «Дар баёни савт» ном дорад. Фасли дуюм (дар баёни дувоздаҳ мақом) шарҳи мақомҳо ва роҳҳои ҳосил намудани онҳоро дарбар мегирад. Дар ин фасл ҷадвали доираи таркиботи мақомот оварда мешавад. Дар ҷадвал бисёр шӯъбаю гӯшаҳо, ки дар таълифоти дигар ба назар намерасанд, хотирнишон шудаанд.
Фаслҳои сеюму чорум «Дар баёни шаш овозаи машҳура» ва «Дар баёни мақомҳои машҳура» ном доранд. Фасли панҷум «Дар тартиби одоби мусиқӣ» ва фасли шашум «Дар баёни Дувоздаҳмақом» ном ги- рифтааст. Муаллиф аз масъулияти хонандаю созанда, роҳ ва тарзи иҷ- рои мақомҳо, чор даври мусиқӣ (шадд), нисбати ҳар мақом ба бурҷ- ҳо ва дигар масъалаҳо сухан меронад. Фасли ҳафтум хусусияти ама- лию илмӣ дорад. Фасли ҳаштум «Дар баёни мақомоти мазкура, ки ҳар як ба кадом тоифа хушоянда ва чӣ гуна мардумро нисбат дорад» номида шудааст. Як нусхаи «Рисолаи мусиқӣ» дар захираи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик АФ СССР маҳфуз аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …