Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛА Ё ХУД МУХТАСАРЕ АЗ ТАЪРИХИ САЛТАНАТИ ХОНАДОН И МАНҒИТИЯ» асари Аҳмади Дониш

«РИСОЛА Ё ХУД МУХТАСАРЕ АЗ ТАЪРИХИ САЛТАНАТИ ХОНАДОН И МАНҒИТИЯ» асари Аҳмади Дониш

«РИСОЛА Ё ХУД МУХТАСАРЕ АЗ ТАЪРИХИ САЛТАНАТИ ХОНАДОН И МАНҒИТИЯ» асари Аҳмади Дониш, ки дар он ақоиди сиёсиву иҷтимоӣ ва маорифпарварии ӯ баён ёфтаанд. «Рисола» муаллафаи нотамом ва беном буда, дар адабиёт бо унвонҳои мухталиф — «Тарҷумаи ҳоли амирони манғития», «Таърихча», «Рисола ё худ мухтасаре, аз таъриҳи салтанати хонадони манғития» ва ғайра вомехӯрад. Аз ҷиҳати мазмун «Рисола»-ро ба муқаддима, қисмати асосӣ, қисми аввал, қисми дуюм ва хотима ҷудо кардан мумкин аст. Муаллиф дар ин рисолааш му- носибати худро нисбат ба сохти иҷтимоӣ ва давлатдории он замон ифода карда, дар асоои таҳлилу таҳқиқи илмию фалсафия ҷасуронаи воқеаву ҳодисаҳои иҷтимот замонаш ба хулосае меояд, ки роҳи ягонаи беҳбудии халқи мамлакат табаддулот, сарнагун кардани сохти аморати Бухоро ва истибдоди амир мебошад. «Рисола» барои омӯхтан ва возеҳ сохтани афкори пешқадами давраи Аҳмади Дониш яке аз сарчашмаҳои муфид аст.
Адабиёт: Айнӣ С., Намунаи адабиёти тоҷик, Москва, 1926; Аҳмади Дониш, Асарҳои мунтахаб, Сталинобод, 1957; Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития (Бо саъӣ ва эҳтимом ва тасҳеҳи Абдулғанӣ Мирзоев), Сталинобод, 1960. У. Назиров,

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …