Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛА Ё ХУД МУХТАСАРЕ АЗ ТАЪРИХИ САЛТАНАТИ ХОНАДОН И МАНГИТИЯ» асари Ахмади Дониш

«РИСОЛА Ё ХУД МУХТАСАРЕ АЗ ТАЪРИХИ САЛТАНАТИ ХОНАДОН И МАНГИТИЯ» асари Ахмади Дониш

«РИСОЛА Ё ХУД МУХТАСАРЕ АЗ ТАЪРИХИ САЛТАНАТИ ХОНАДОН И МАНГИТИЯ» асари Ахмади Дониш, ки дар он акоиди сиёсиву ичтимои ва маорифпарварии у баён ёфтаанд. «Рисола» муаллафаи нотамом ва беном буда, дар адабиёт бо унвонхои мухталиф — «Тарчумаи холи амирони мангития», «Таърихча», «Рисола ё худ мухтасаре, аз таърихи салтанати хонадони мангития» ва гайра вомехурад. Аз чихати мазмун «Рисола»-ро ба мукаддима, кисмати асоси, кисми аввал, кисми дуюм ва хотима чудо кардан мумкин аст. Муаллиф дар ин рисолааш му- носибати худро нисбат ба сохти ичтимои ва давлатдории он замон ифода карда, дар асоои тахлилу тахкики илмию фалсафия часуронаи вокеаву ходисахои ичтимот замонаш ба хулосае меояд, ки рохи ягонаи бехбудии халки мамлакат табаддулот, сарнагун кардани сохти аморати Бухоро ва истибдоди амир мебошад. «Рисола» барои омухтан ва возех сохтани афкори пешкадами давраи Ахмади Дониш яке аз сарчашмахои муфид аст.
Адабиёт: Айни С., Намунаи адабиёти точик, Москва, 1926; Ахмади Дониш, Асархои мунтахаб, Сталинобод, 1957; Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони мангития (Бо саъи ва эхтимом ва тасхехи Абдулгани Мирзоев), Сталинобод, 1960. У. Назиров,

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.