Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕПЕР дар геодезия

РЕПЕР дар геодезия

РЕПЕР (аз франсавӣ герёге — нишона, аломат, нуқтаи ибтидо) дар геодезия, аломати пункти геодезист, ки баландии нуқтаи заминро нисбат ба сатҳи мувозӣ нишон медиҳад. Дар Союз Советских Социалистических Республик СССР баландии Реперро нисбат ба сифри футштоки Кронштадт ҳисоб мекунанд. Репер умда ва муқарра-рӣ мешавад. Реперҳ о и  у м д а р о, ки аз сутунпояҳои оҳанубетонӣ иборатанд, дар ҳамаи хатҳои нивелирии синфи 1, инчунин дар муҳимтарин хатҳои нивелирии синфи 2 ва назди асбобҳои обсанҷи баҳрӣ баъди ҳар 50— 80 километр ба замин мешинонанд. Реперҳои муқаррариро дар ҳама гуна хатҳои нивелирӣ баъди ҳар 5—7 километр мегузоранд.

reper-geod

Реперҳои умда ва муқаррарие, ки дар сар то сари территорияи Союз Советских Социалистических Республик СССР гузошта шу-даанд, шабакаи нивелирии давлатиро ташкил медиҳанд. Онҳоро дар нақшабардориҳои топографӣ ва таҳқиқу ҷустуҷӯҳои геологиву геодезӣ барои муайян кардани баландии нуқтаҳои гуногуни сатҳи замин истифода мебаранд.

Нигаред, Аломатҳои геодезӣ, Геодезия.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …