Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСМИИ ЯЗДӢ Мир Абдурраззоқ

РАСМИИ ЯЗДӢ Мир Абдурраззоқ

РАСМИИ ЯЗДӢ Мир Абдурраззоқ (соли таваллудаш номаълум, Язд —вафоташ 1615), шоири форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш таҳсил намуда, ба камол расидааст. Дар миёнаҳои умр ба Ҳиндустон сафар намуда, ба хидмати дарбор дохил шуд. Қасида, ғазал ва дигар навъҳои шеърӣ эҷод кардааст, вале то замони мо аз эҷодиёташ намунаҳои кам боқӣ мондаанд. Ин байтҳо аз ӯст:

3-он рӯз, ки гаштем ба доми ту гирифтор,

Шуд Каъбаи мурғони бихиштӣ қафаси мо.

* * *

Ба тархи Бесутун он тездасти чеҳрапардозам,

Ки нақши тешаам доғи дили Фарҳод мегардад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …