Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / PACK Расмус Кристиан

PACK Расмус Кристиан

PACK (Rask) Расмус Кристиан (22. 11. 1787, Бренненкилле, ҷазираи Фюн—14. 11. 1832, Копенгаген), забоншиноси даниягӣ. Китобдор (1829) ва профессори забонҳои шарқии Университети Копенгаген (1831). Яке аз асосгузорони методи муқоисавии таърихӣ дар забоншиносӣ буда, ин методро аввалин бор дар ҳалли масъалаи пайдоиши забони исландӣ татбиқ кард ва бо роҳи муқаррар намудани мувофиқати овозҳо ва муқоисаи парадигмаҳои грамматикӣ, хешии забонҳои германӣ ва забонҳои балтин славянӣ, юнонӣ ва лотиниро ба исбот расонид («Тадқиқи пайдоиши забони қадимии шимолӣ ё забони  исландӣ», 1818). Раск қисми зиёди тағйиротҳои фонетикӣ — табдилшавии ҳамсадоҳои немисию германиро дар асоси қонуни Гримм ошкор сохт. Ҳамчунин ба омӯзиши муқоисавии таърихии забонҳои балтии славянӣ, фину угорӣ ва ҳиндуэронӣ машғул буд. Раск асосгузори забоншиносии илми дар Скандинавия.

Ос.: Исследования в области древне­северного языка или происхождение ис­ландского языка (извлечения) дар кит.: Звегинцев В. А., История языко­знания XIX—XX веков в очерках и из­влечениях, 3 изд., ч. 1,М., 1964.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …