Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАСАДХОНАИ MAPOҒA

РАСАДХОНАИ MAPOҒA

РАСАДХОНАИ MAPOҒA, аз машҳуртарин расадхонаҳои асри 13 буд, ки дар шаҳри Мароғаи Эрон таҳти роҳбарии мунаҷҷими маъруфи тамоми Шарқ Насируддини Тӯсӣ (1201—1274) сохта шудааст. Бино ба маълумоти тазкираҳои таърихӣ беш аз 50 нафар мунаҷҷимони маъруф, аз ҷумла Муинуддини Урдӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Наҷмуддини Қазвинӣ, Фахруддини Ихлотӣ, Фахруддини Мароғӣ, Яҳё ибни Муҳаммади Мағрибӣ, Ҷамолуддини Бухороӣ дар Расадхонаи Мароға кор ва эҷод кардаанд. Расадхона аз асбобу афзори он замона зотулҳалқа (кураи армиллярӣ), судси Фахрӣ (секстант), тарбеъ (квад­рант) дошт. Натиҷаҳои илмии Р. М. дар “Зиҷи элхонӣ” (ба номи Хулагухон, набераи Чингизхон) сабт шудааст. Осори илмии олимони мактаби илмии Мароға пояи инкишофи астрономияи асрҳои минбаъда гардид.

  1. X. Абдуллозода.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …