Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Қаторкӯҳи РАНГОН

Қаторкӯҳи РАНГОН

РАНГОН, қаторкӯҳест дар қисми ҷанубу ғарбии РСС Тоҷикистон. Дар байни қатоокӯҳҳои Қаротегин ва Оқтоғ воқеь гашта, водиҳои Кофарниҳон ва Ёвонро аз ҳам ҷудо мекунад. Аз Ҷанубу Ғарб ба Шимолу Шарқ ба масофаи 70 км камоншакл тӯл кашидааст. Нуқтаи баландтаринаш 1895 м (кӯҳи Хоҷазаранг). Қаторкӯҳ асосан аз гил, регсанг, оҳаксангу мергелҳои давраи табошир таркиб ёфтааст. Дар нишебизои Рангон Ёвонсу, Терсагарсу, Қарамандису ва Шӯртансу барин сойҳои обашон до­имӣ ва мавсимб бисёранд. Дар канори шарқии Рангон ағбаи Зардолу (баландиаш 1610 м) воқеъ аст, ки аз он рози автомобилгарди Душанбе — Норак ва Душанбе — Ёвон мегузарад.

Ю. С. Усков.

kuh

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …