Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲМОН Собит

РАҲМОН Собит

РАҲМОН Собит (тахаллус; ном ва фамилия Собит Карим-ӯғлӣ М а ҳ м удов, 26. 3. 1910, Нуҳо—23. 9. 1970, Боку), нависандаи советии озарбонҷонӣ, Ходими Хизматнишондодан Санъати Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон (1943). Соли 1932 институти педагогии Бокуро хатм кард. Яке аз асосгузорони мазҳака дар адабиёти советии озарбойҷонӣ. Асарҳояш аз охири солҳои 20 дар журнали «Мулло Насриддин» чоп шудаанд. Муаллифи мааҳакаҳои «Туй» (намоиш 1939), «Хушбахтон» (намоиш 1941), «Хуш омадед» (намоиш 1949), «Арӯс» (намоиш 1954), «Дурӯғ» (1965), «Ҳиҷрон» (1970) ва ғайра. Дар мазҳакаҳои Раҳмон мутоиба бо ҳаҷви тезутунди иҷ-тимоӣ омезиш ёфтааст; муаллиф урфу одатҳои мешанӣ, муфтхӯрӣ, ҷоҳталабиро мазаммат кардааст. Повести «Фоҷиаи охирин» (1939), романҳои «Нина» (1954; дар бораи матбааи пинҳонии болшевикӣ), «Рӯзҳои бузург» (1952; оид ба ҳаётӣ деҳоти имрӯза) ба қалами Раҳмон тааллуқ доранд.

Основание: Соловей. рассказы и повести, Москва, 1961; Разбитое зеркало. Рассказы, Москва,1967.

Адабиёт: Очерк истории азербайджанской литературы, Москва, 1963.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …