Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲИМ ҶАЛИЛ

РАҲИМ ҶАЛИЛ

rahim-jalil

РАҲИМ ҶАЛИЛ (таваллудаш 3. 6. 1909, Хуҷанд, ҳозира Ленинобод), нависандаи советии тоҷик. Нависандаи Халқии Тоҷикистон (1979). Аз оилаи мӯзадӯз. Аъзои КПСС аз соли 1943. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби кӯҳна гирифт. Пас аз Револютсияи Октябр яке аз аввалин мактабҳои советии Ҳуҷандро тамом кард. Соли 1927 курси яксолаи муаллимиро хатм карда, муаллим шуд. Солҳои 1931—1951 дар газетаҳои «Пролетари Хуҷанд», «Ҳақиқати Ленинобод», «Тоҷикистони сурх» («Тоҷикистони Советӣ») ва журнали «Шарқи сурх» («Садои Шарқ») кор кард. Аз соли 1952 котиби масъули Шӯъбаи ленинободии ИН Тоҷикистон. Фаъолияти эҷодии Раҳим Ҷалил аз соли 1931 оғоз ёфтааст. Аввалҳо бо тахаллуси «Даҳрӣ» шеър менавишт. Шеъри нахустинаш «Кор мебоист кард» соли 1931 ба табъ расидааст. Шеърҳои аввалини ӯ дар маҷм. «Мавҷҳои му­заффарият» (1933) гирд омадаанд. Дар ин солҳо нависанда ба ҳикоянависӣ низ шуғл меварзад. Соли 1936 маҷм. аввалини ҳикояҳои ӯ «Орзу» нашр шуд. Маҳорати ҳаҷвнигории нависанда торафт инкишоф меёбад ва ӯ охирҳои солҳои 30-юм беҳтарин ҳикояҳои ҳаҷвии худро менависад: «Марги Хушомадхӯҷа», «Хар ва сабукрав», «Гурба ва рашк», «Хоҷаи Борон», «Хонаи нав» ва ғайра. Соли 1939 маҷм. «Шеърҳо ва ҳикояҳо» ва соли 1941 ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ «Ҳисса аз қисса» чоп баромад. Дар ин ҳикояҳо Раҳим Ҷалил аз адабиёти лафзии халқ ва имкониятҳои ҳаҷв моҳирона истифода бурда, боқимондаҳои дунёи гузаштаро мазаммат мекунад. Соли 1041 аввалин асари калони ӯ— қисми якуми романи «Гулрӯ» аз чоп баромад. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) дар очеркҳояш («Қаҳрамон», «Писарҷон» ва «Қаҳрамон Исмоили Сомғорӣ» ва ғайра) муборизаи фарзандони тоҷикро бар зидди душман тасвир кардааст. Ҳикояҳои давраи ҷангии нависанда дар маҷм. «Ҳикояҳои замони ҷанг» (1944) ҷамъ оварда шудаанд. Раҳим Ҷалил пас аз ҷанг қисми якуми романи «Гулрӯ»-ро аз нав таҳрир кард ва қисми дуюми онро навишт. Соли 1949 ҳарду қисм бо номи «Одамони ҷовид» чоп шуд. Вокеаҳои роман дар шимоли Тоҷикистон, дар Хуҷанд мегузаранд. «Одамони ҷовид»-и Раҳим Ҷалил пас аз повесту ро­манҳои Айнӣ дар насри тоҷик авва­лин асаре буд, ки муборизаи халқи тоҷикро бар зидди босмачиён ва сохт­мони ҳаёти нав дарбар гирифтааст. Мавзӯи тоза ба нависанда имкон додааст, ки баъзе ҷиҳатҳои муҳими револютсияро равшан карда, махсусан роли болшевикони русро дар тарбияи аввалин револютсионерони тоҷик нишон диҳад. Дар роман роли халкҳои русу украин дар бедории шуури синфии меҳнаткашони тоҷик, ёрии онҳо дар мубориза барои озодӣ мавқеи асосӣ дорад. Образи бол­шевики матин, фиристодаи партияи коммунистӣ Иванитский, ки шахси таърихӣ буда, дар тарбия намудани пролетариати револютсионии Хуҷанд ва ғалабаи Револютсияи Октябр дар районҳои шимоли Тоҷикистон хизмат кардааст, бозёфти нависанда мебо­шад. Мадад ва ҳамкории халқи рус дар роман ба воситаи образҳои геологҳо Надеждин, Бажов ва Олга низ ифода ёфтааст. Қаҳрамонони асосии роман Пӯлод ва Гулрӯ мебошанд. Пӯлод аз ҷумлаи он ҷавонони навфикру тозамаслакест, ки дар мактаби ҳаёт аз болшевикони рус таълим гирифта, ба воя расида, дар муборизаҳои сохтмони ҷамъияти нав ба халқ роҳбарӣ кардаанд. Пӯлод дар насри тоҷик яке аз ав­валин образҳои барҷастаест, ки дар симои ӯ муҳимтарин сифатҳои хо­дими партиявӣ таҷассум шудааст. Дар образи Гулрӯ бо таъсири воқеаҳои бузурги замон кам-кам тағйир ёфтани характери мардуми оддӣ нуқтаи асосист. Гулрӯ типи зани нав; зани озодест, ки барои қисмати худ талош мекунад. Ҳаёти оилавии Пӯлод ва Гулрӯ низ дар роман ибратомӯз тасвир ёфтааст ва муносибатҳои нави оилавиро, ки натиҷаи сохти нави ҳаётанд, ифода менамояд. Пӯлод ва Гулрӯ аз байни халқ баромадаанд. Тақдири онҳо ба тақдири халқи тоҷик, ки аз торикиву зулмат ба сӯи равшани роҳи душвореро тай кардааст, шабоҳат до­рад. Дар романи «Одамонн ҷовид» мутоиба мавқеи намоён дошта, ҳамчун воситаи муҳимми нишон додани дили халқ ва муносибати ӯ ба воқеаҳои таърихии он солҳо, рӯҳи бардам ва иродаи қавии ӯро ифода намудааст. Раҳим  Ҷалил  устоди ҳикоя аст. Ҳикоёташ дар маҷмӯаҳои зерин ба табъ расидаанд: «Умри дубора» (1949), «Ҳикояҳо» (1954, 1958), «Баҳор» (1960), «Ҳамида» (1961), «Шикасти тилисмот» (1964), «Илҳом» (1973), «Духтари мармарин» (1975), «Бозгашт аз биҳишт» (1976), «Баъди борон» (1978). Беҳтарин қисмати ҳикояҳои Раҳим  Ҷалил ҳикояҳои ҳаҷвию мутоибаомез мебошанд. Умуман ҳаҷву мутоиба аз муҳимтарин махсусиятҳои истеъдоди санъаткории Раҳим Ҷалил  буда, дар асарҳои калони ӯ «Одамони ҷовид» ва «Шӯроб» низ барҷаста зуҳур кардааст. Раҳим  Ҷалил  вассофи синфи коргар аст. Синфи коргари тоҷик, ташаккул, меҳнат ва муборизаи ӯ яке аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти нависанда аст. Романи сегонаи ӯ «Шӯроб» (қисми 1, 1959, қисмҳои 2—3, 1967) аввалин асари барҷастаест, ки аз пайдоиши синфи коргари тоҷик ва анъанаҳои револютсионию интернатсионалии он ҳикоят мекунад. Ин роман ду давраи таърихи халқи тоҷик — давраи феодалӣ ва давраи сотсиалистиро дар бар мегирад. Дар қисми якуми асар тасвири ҳаёти пешазинқилобии ангиштканони тоҷик, бедории шуури синфии онҳо мавқеи асосӣ дорад. Дар қисмҳои дуюм ва сеюм ғалабаи Револютсияи Октябр, ҷонбозиҳои намояндагони миллатҳои гуногун барои мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ,  ташаккули коргари нав инъикос гардидааст. Яке аз масъалаҳое, ки ҳамеша дар маркази диққати Раҳим Ҷалил меистад, тараннуми дӯстии халқҳост. Дар ро- мани «Шӯроб» намояндагони халқҳои гуногуни советӣ — тоҷикон, русҳо, украинҳо, қирғизҳо ва дигар бо ҳам дӯстона зиндагӣ ва меҳнат мекунанд. Нависанда он шароити объективии иҷтимоиро, ки ин мардуми гуногунзабону гуногунмиллатро ба ҳамзистию ҳамкорӣ ва дӯстию бародарӣ меоварад, тасвир кардааст. Дар «Шӯроб» тасвири ҳаёт хеле вусъат дорад. Раҳим  Ҷалил  анбӯҳи мардум, оммаи коргаронро нишон дода, кӯшиш намудааст, ки ба воситаи кайфияту рӯҳияи одамони бисьёре ва ҷидду ҷаҳди онҳо рӯҳи замон ва ҳаракати таърихро равшан намояд. Асари ёддоштии Раҳим  Ҷалил «Маъвои дил» (қисми 1, 1970, қисми 2, 1982) дар бораи зодгоҳи нависанда — Ленинобод ва пешрафти маданияту иқтисодиёти он мебошад. Муаллиф аз хусуси одамони номдори Ленинобод — иштирокчиёни Револютсия ва Ҷанги гражданӣ, қаҳрамонони меҳнат, олимон ва санъ- аткорони машҳур, ҳофизон, мутрибон, ҳодимони партиявӣ ва советӣ, умуман ҳамаи онҳое, ки боиси ободии шаҳранд, бо меҳру муҳаббат ҳикоят кардааст. «Маъвои дил» материали фаровони таърихӣ ва этнографиро дар бар гирифтааст. Раҳим  Ҷалил  барои бачаҳо низ як силсила ҳикояҳо навиштааст. Ҳикояҳои бачагонаи ӯ дар маҷмӯаҳои «Кабӯтар» (1963), «Табиби ман» («Мой доктор», Москва, 1973) ба табъ расидаанд. Раҳим  Ҷалил  муаллифи якчанд пьесаҳост: «Муҳаббат» (1932), «Санавбар» (1938; таҳрири нав «Субҳи саҳро», 1962), «Зани 96-ум» (1940), «Ду вохӯрӣ» (1943), «Дили шоир» (1963, дар бораи Камоли Хуҷандӣ), «Бедорӣ» (1975). Ӯ як қатор ҳикояҳои Максим Горкий, Антон Чехов, песаҳои «Раъду барқ»-и Николай Островский ва «Афсонаи ишқ»-и Нозим Ҳикматро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Асарҳои Раҳим  Ҷалил  ба забони русӣ «Пулат и Гулру», Москва, 1949; «Шураб», Д., 1973; «Дом родной», Москва, 1973, «Девушка из мрамора» Москва, 1978) ва як қатор забонҳои халқҳои Союз Советских Социалистических Республик СССР ва хориҷӣ тарҷума шудаанд. Романи «Одамони ҷовид» дар Республикаи Демократии Германия, Полша ва Чехословакия нашр гардидааст. Раҳим Ҷалил аз соли 1935 узви Институт Наук СССР, депутати Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъватҳои 5—11), аъзои Комитети республикавии та- рафдорони сулҳ, аъзои президиуми Институт Наук Тоҷикистон мебошад. Бо ордени Ленин, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, орденҳои «Нишони Фахрӣ», «Дӯстии халқҳо» ва медалҳо мукофото- нида шудааст. Лауреати Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  ба номи Рӯдакӣ (1970).

Основание: Асарҳо, ҷилдҳои 1—4, Душанбе, 1967—71; Гардиши фалак (маҷмӯаи шеърҳо), Душанбе, 1981; Ҳикояҳо, Душанбе, 1984.

Адабиёт: Ш у н у р о в М., Сайфуллоев А., Раҳим Ҷалил, Сталинобод. 1959; Ғаффоров Р., Забон ва услуби Раҳим Ҷалил, Душанбе, 1961; Отахонова X., Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ӯ, Душанбе, 1962; ҳ а м о н муаллифи, Аз рӯи меҳр, меҳр. Душанбе, 1976; Сайфуллоев А., Устоди наср, «Садои Шарқ», 1969, № 10; Очерк истории таджикской советской литературы, Москва, 1961.   X. Отахонова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …