Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РАДИОШУНАВОНӢ

РАДИОШУНАВОНӢ

radioshunavoni

РАДИОШУНАВОНӢ, гуфторҳое, ки бо радио интишор мешаванд; яке аз воситаҳои асосии ахборт фаврӣ, агитатсия ва пропагандаи оммавӣ ва маърифатноккунии аҳолӣ. Жанрҳои асосии Радиошунавонӣ инҳоанд: ахбори ҷамъиятӣ-сиёсӣ (репортаж, шарҳи воқе- от, мусоҳиба); бадеӣ-публитмистӣ (радиоочерк, радиофилм, радиоком­позитсия); бадеӣ (радиоинстсенировка, радиопеса ва ғайра). Дар гуфторҳои радио тамоми жанрҳои асарҳои адабию мусиқӣ низ истифода бур­да мешаванд. Ахбори махсус, радиогазета, радиожурнал барин гуфторҳо бештар маъмуланд. Ихтирои радио ва истифодаи он, ҳамчун воситаи алоқа, ба Россия (А. С. Попов) мансуб аст. Охири асри 19 аввали асри 20 барои ахбори маъмурӣ аввалин радиостансияҳои рус сохта шуданд. Дар мамлакати мо ба радио аз солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ диққати махсус медиҳанд. Аз ноябри 1917 cap карда, ба воситаи радиотеле­граф декретҳои Ҳукумати Советӣ, ахбори воқеаҳои муҳими ҳаёти мамлакат, вазъияти байналхалқӣ, баромадҳои В. И. Ленин шунавонида шуданд. Бунёди базаи моддию техникии Радиошунавонӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлатӣ ба шумор мерафт. Соли 1918 СКХ бо мақсади игкишофи минбаъдаи корҳои радиотелеграф комиссияе ташкил кард. Нахустиг гуфторҳои радио соли 1919 аз радиолабораторияи Нижегород шунавонда шуданд, аз соли 1920 — аз стансияи таҷрибавии радиошунавонӣ (Москва Қазон ва ғайра). Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Советӣ ба радиофи­катсия ҳамчун воситаи алоқа ва ахбор диққати калон медоданд. В. И. Ленин радиоро «бағоят муҳим» медонист. Ӯ алоқаи бесими радиоро воситаи хеле муҳим, воситаи беҳамтои агитатсия ва пропагандаи сиёсӣ, маърифатнок гардонидани омма ва ҷорӣ намудани маданияти пешқадам мешуморид. Вай радиоро газетаи «бекоғаз» ва «бемасофа» номида буд.

Соли 1922 шунавонидани гуфторҳои аввалини радио оғоз ёфтанд, Радиохимияи

мунтазам 23 ноябри 1924, аз вақти дар эфир садо додани шумораи якуми радиогазета cap шуд. Солҳои 20 жанрҳои Радиохимия (радиорепортаж, мусоҳиба, шарҳи воқеот) ва шаклҳои гуфтор (радиогазета, радиожурнал) ба вуҷуд омаданд. Соли 1925 аз Майдони Сурхи Москва бахштда ба тантанаи ҷашви Октябр аввалин ра­диорепортаж бурда шуд. Соли 1927 СКХ оид ба беҳтар гордондани барномаҳои бадеӣ қарор баровард. Дар тайёр кардани гуфторҳои адабӣ В. В. Маяковский, А. Н. Афиногенов, Д. Бедний, Э. Г. Багритмкий, Ф. В. Гладков, В. В. Иванов, Л. М. Леонов ва дигарон иштирок доштанд. Аз солҳои 30 Радиохимия дар СССР хеле ривоҷ ёфт. Аз соли 1928 то 1933 иқтидори стансияҳои Pадиохимияи советӣ 8 маротиба афзуд. Соли 1931 дар назди Комиссариати почтою телеграф Комитети умумииттифоқии Радиохимия таъсис ёфт, соли 1932 дар республикаҳо ва вилоятҳо 12 комитети радиои маҳаллӣ ташкил карда шуд. Тадриҷан шаклу жанрҳои нави гуфторҳо пайдо шуданд. Соли 1933 СКХ «Низомномаи Комитети умумииттифоқӣ оид ба радиофикатсия ва радиошунавонии назди СКХ СССР»-ро тасдиқ кард; дар ҳайати комитет управленияи радиофикатсия, управленияи гуфторҳои марказӣ ва гуфторҳои маҳаллӣ ташкил гардиданд. Якумин радиофестивали умумииттифоқӣ (1936) ба мубодилаи барномаҳои радиои байниреспубликавӣ асос гузошт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) ду ҳазор радиоахбори Бюрои информатсионии со­ветӣ, 2,3 ҳазор «Хабарҳои охирин»-и махсус, бештар аз 8 ҳазор «Мактуб аз фронт» ва «Мактуб ба фронт» шунавонида шуданд. Дар барномаҳо хулосаи газетаҳо, ахбори ТАСС, хабарҳо аз фронт (тақрибан 7 ҳазор хабарҳо аз армияи амалкунанда) мавқеи муҳимро ишғол намуданд. Ба воситаи радиои умумииттифоқ роҳбарони Ҳукумати Советӣ зуд-зуд баромад мекарданд. Соли 1944 СКХ СССР дар бораи чорабиниҳои мустаҳкам намудани базаи моддию техникии радиошунавонии марказӣ ва соли 1945 дар бораи ид кардани 7 май чун рӯзи радио қарор баровард. Соли 1948 Радиои умумииттифоқ ба воситаи се барнома гуфторҳо шунавонид (ҳаҷми умумии гуфторҳо дар як шаборуз 45 соат). Аз соли 1960 Радиои умумииттифоқ бетанаффус кор мекардагӣ шуд. Соли 1961 ҳаҷми гуфторҳои радио дар як шаборӯз ба 78 соат расид. Сарредаксияҳои Комитети давлатии СССР оид ба телевизион ва радиошунавонӣ ба ҳозир намудани баромадҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ, ахбор (барномаи «Ма­як»), гуфторҳо барои бачагон, ҷавонон (радиостансияи «Юность»), гуфторҳои адабӣ-драмавӣ, мусиқӣ ва ғайра шурӯъ кард. Радиохимия тамоми территорияи CСCP-po фаро гирифтааст ва ҳоло ба 60 забони халқҳои СССР ва 70 забони халқҳои дигар мамлакатҳо гуфторҳо шунавонида мешаванд. Соли 1979 Радиои умумииттифоқ 8 бар­номаи асосӣ (гуфторҳои дар як шаборӯз ба ҳисоби миёна қариб 160 соат) дошт. Барномаи 1-ум (асо­сӣ) — ахбори умумииттифоқӣ, ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва бадеӣ. Ба он «Хабарҳои охирин», хулосаи ҳаррӯзаи газетаҳои марказӣ, гуфторҳои «Радиогазетаи коргарӣ», «Замин ва одамон», «Инсон ва қонун», «Ба Иттифоқи Советӣ хизмат мекунам», «Тандурустӣ» барномаи радиостансияи «Юность» («Ҷавонӣ»), «Театр дар назди микрофон», «Шаби мусиқӣ» ва ғайра дохил мешаванд. Барномаи 2-юм («Маяк») шаборӯзӣ; вай шунавандагонро аз воқеазои ҳаёти до­хилӣ ва байналхалқӣ воқиф гардонда, асарҳои беҳтарини мусиқии советию хориҷиро тарғиб мекунад. Барномаи 3-юм — маълумоти адабӣ-мусиқӣ; ба он композитсияи ҳуҷҷатӣ ва радиоспектаклҳо, портрети эҷодии нависандагон, драматургҳо дохил мешаванд. Б а р н о м а и 4-у м — мусиқӣ; шунавандагонро бо асарҳои санъати мусиқии ҷаҳонӣ, бо эҷодиёти ҳунарпешагони барҷаста (дар мавҷи кӯтоҳ) шинос мекунад. Аз феврали 1974 дар мавҷи 4,16 м гуфторҳои стереофонӣ дар як шаборӯз ба ҳисоби миёна 9 соат транслятсия карда мешаванд. Барномаи 5-у м — ахбори ҷамъиятӣ- сиёсӣ ва бадеӣ; барои он граждан­ҳои советӣ, ки дар хориҷа мебошанд (баҳрнавардон, моҳигирон, иштироккунандагони экспедитсияҳои қутб ва ғайра), шунавонида мешавад.

Роҳбарии кори телевизион ва радиошунавонии советиро Комитети давлатии ССОР оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (Гостелерадиои СССР), комитетҳои республикавӣ, кишварӣ ва вилоятӣ дар ӯҳда доранд.

Ад.: Волков В., Парвоэи сухан. 1967 Казаков Г., Ленинские иле радио, М., 1968;  Гур е в и ч П. С К ар и о в Н. и., Ленин о радио,

1073; Летупов Ю., Время, люди, мик­рофон, М., 1974.       М. Султонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …