Маълумоти охирин

ПУД

pud

ПУД, 1) воҳиди ченаки вазн, ки дар Россия. Белоруссия ва Украина ҷорӣ буд. Аввалин бор дар ҳуҷҷатҳои асри 12 номбар шудааст. Пуд ба 40 фунт (тақрибан 16,38 кг) баробар буд. Дар СССР Пуд аз соли 1924 бекор кар­да шудааст. Пуд чун ченаки вазн дар байни тоҷикон низ маъмул буд (1 Пуд—16 кг). 2) Параҳаҳое, ки барои даргирондани оташ ба кор мебаранд; пешдаргирон, қав.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …