Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОГРАММАСОЗИИ МАТЕМАТИ­КӢ

ПРОГРАММАСОЗИИ МАТЕМАТИ­КӢ

ПРОГРАММАСОЗИИ МАТЕМАТИ­КӢ, соҳаи илми математика, ки назария ва усулҳои дарёфти экстремумҳои функсияҳоро ҳангоми иҷро шудани баъзе шартҳо хатти ва ғайрихаттӣ меомӯзад. Мундариҷаи «программасозии математикӣ»-ро интихоби тартиби амалҳои ҳалли масъ­ала ташкил медиҳад.

barnoma-programm

Ҳалли масъалаи программасозии математикӣ х*-ро нуқтаи оптималӣ (вектор) меноманд. Программасозии математикӣ аз фаслҳои зерин иборат аст:

п р о г р а ммасозии хаттӣ, программасозии барҷаста (функсияи матлуб Ғ(х) ва маҷмӯа ҳалҳои имконпазири oн G барҷастаанд); программ а с о з и и дискретӣ (ҳалли масъала танҳо дар нуқтаҳои димкретии маҷмӯи G дарёфта мешавад); программасозии квадратӣ (функсияи F (х) функ­сия» барҷаста ва квадратист, маҷмӯи G бо ёрии нобаробариҳои хаттиву ғайрихаттӣ муайян карда мешавад); программасозии стохастӣ (ин ҷо бар хилофи усулҳои программасозии фавқуззикр ахбори программонидашаванда характери тасодуфӣ дорад). Ҳамаи масъалаҳо» номбурда дорои хосияти умумианд: минимуми локалии дилхоҳ нуқтаи оптималӣ мебошад. Барои масъалаҳои серэкстремалӣ хосияти мазкур ҷоиз нест. Асоси назарияи программасозии хаттӣ, барҷаста ва квадратиро теоремаи Куна-Таккер ташкил медиҳад, ки он меъёри мавҷудияти нуқтаи оптималии х*-ро муайян ме­кунад. Дар асоси ин теорема усулҳои гуногуни итератсионӣ бунёд карда шудаанд. Дар Программасозии математикӣ усулҳои муҳосибаи масъалаҳои экстремалӣ (масалан, методи проексиягирӣ) мавқеи калон дорад. Хусусияти усулҳои мазкур он аст, ки ҳангоми татбиқи амалии онҳо аз компютерҳо исти­фода бурдан мумкин аст. Масъалаҳои программасозии математикиро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагит халқ, ки роҳҳои кӯтоҳи ҳисобро тақозо мекунанд, истифода мебаранд.

Программасозии математикӣ чун фанни мустақил дар солҳои 50 —70 асри 20 ташаккул ёфт. Масъалаҳои Программосозии математикӣ дар ҳалли бисёр масъалаҳои идоракунию планкашии просессҳои истеҳсолӣ, лоиҳпкашӣ ва планкашии перспективӣ чун воситаи боэътимод аҳамияти калон пайдо кард.

Ад.: Зуховицкий С. И., Авде­ева Л. И., Линейное и выпуклое програмирование, 2 над. М., 1967.

Т. Ҳаитов Ҳ. Наҷмиддинов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …