Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОЙДЕВОР

ПОЙДЕВОР

ПОЙДЕВОР, қисми бино ё иншоот (бештар зеризаминӣ), ки дар болои асоси табиӣ ё сунъӣ (ниг. Асоси иншоот) хобида, вазни бино (иншоот)-ро мебардорад. Пойдеворҳо тасмашакл, сутундор ва яклухт (дар шакли плитаҳои ҳамвор ё қиррадор) мешаванд.

fundament

Интихоби навъи Пойдевор ба шароитҳои инженерию геологӣ ва гидрогеологии ҷои сохтмон, таъинот ва хусусиятҳои конструктивии бино ё иншоот ва боре, ки ба Пойдевор таъсир мекунад вобаста мебошад. Умқи Пойдеворро вобаста ба хосият ва характери қабатҳол хок, сатҳи обҳои зеризаминӣ, андоза ва характери борҳои ба асос таъсир кунанда муайян мекунанд.

Конструксияи Пойдевор аз рӯи мустаҳкамӣ ва андозаҳои таркишҳо ҳисобу китоб карда мешавад. Масолеҳе, ки аз он таҳкурсӣ сохта мешавад, бояд ба қадри зарурӣ намбардору сардибардор бошад.

Пойдевори биноҳои таҳхонадор дар ҳолатҳои баланд будани савияи обҳои зеризаминӣ бояд гидроизолятсия дошта бошад (барои ба таҳхонаҳо назаҳидани об). Барои ба Пойдевор таъсир накардани обҳои фаъоли зеризаминӣ бетони зич (бо иловаҳои махсус), инчунин намудҳои гуногуни гидроизолятсияро истифода мебарапд.

О. М. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …