Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОРФИРИЙ

ПОРФИРИЙ

porphyrios

ПОРФИРИЙ (Porphyrios) тақрибан 233. Тир — тақрибан 304, Рим) файласуфи Юнони Қадим, намояндаи навафлотуния. Шогирди Плотин, ки асарҳояшро нашр кардааст; муаллифи тарчумаи ҳоли Плотин. Ҳамчун шореҳи Афлотун ва Арасту машҳур гаштааст. Рисолаи Порфирий «Муқаддима ба категорияҳои Арасту» (номи дигараш — «Дар бораи панҷ овоз», яъне панҷ аломати мафҳум — зот, навъ, фарқи навъӣ, аломати шахсӣ ва ғайришахсӣ, аломати тасодуфӣ) манбаи асосии шиносоӣ бо мантиқи Арасту дар асрҳои миёна буд, борҳо тафсир ва тарҷума шудааст. Дар мантиқ бо номи Порфирий ба истилоҳ шаҷараи Порфирий алоқаманд аст, ки робитаи серзинаи мафҳумҳои зотӣ ва навъиро ҳангоми тақсими дихотомӣ тасвир менамояд. Порфирий инчуннн муал­лифи асарҳои зиёд доир ба матема­тика, астрономия, таърих, грамма­тика ва ғайра буд. Асари калонҳаҷми ӯ «Бар зидди масеҳиён», ки кӯшиши аввалинест дар танқиди Таврот, соли 448 сӯзонда шуд (порчаҳояш боқӣ мондаанд).

Ад.: История философии, т. 1, М.. 1940.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …