Маълумоти охирин
Главная / Техника / ПОЛИГРАФИЯ

ПОЛИГРАФИЯ

poligraf_web

ПОЛИГРАФИЯ (аз поли… ва …графия), як соҳаи техника, маҷмӯи во ситаҳои техникист барои бардоштани нусхаҳои эиёд аз матнҳо ва тасвироти графикӣ. Мафҳуми Полиграфия соҳаи саноат — саноати полиграфиро ниэ ифода мекунад. Полиграфия (саноати полиграфӣ) базаи моддию техникии корҳои нашрия мебошад. Полиграфия роҳи дуру дароэ ва мураккаби тараққиётро тай кардааст. Дар асри 19 бо ихтироъ гардидани мошинҳои чоп дар Полиграфия инқилоби саноатӣ ба амал омад. Миёнаҳои асри 20 ба туфайли револютсияи илмию техникӣ  Полиграфия хеле пеш рафт. Хусусаи гуэаштан ба усулҳои электронии тайёр намудани шаклҳои чопӣ (истифодаи ҳисобмошинҳои электронӣ барои нусхабардории тасвирҳо ва мошинҳои электронии рангҷудокунанда чопи ранга), васеъ ба кор бурдани мошинҳои баландсуръати чопи офсетӣ, ба роҳ мондани хатти пай дар пайи автоматӣ дар сехҳои муқовабандӣ, ба тарзи комплексӣ саросар механиконӣ ва автоматонии истеҳсолот, истифодаи техникаи фототелеграфӣ барои қабули саҳифаҳои газета боиси равоҷу равнақи Полиграфия гардид.

Технологияи Полиграфия аз 3 гурӯҳи асо сии просессҳон нстеҳсолӣ иборат аст: тайёр кардаии қолаб (форма), чопкунн ва муқовабасдӣ.

Просессн тайёр*кардавн қ о л а б просеоСолҳои ҳуруфчинй (тай ёр карданн қолаби матни чопӣ) ва тайёр иамудяни қолаби чопии расм ҳоро, дарбар мегирад. Қолаби матя аз ҳуруфи матбаа дастӣ ё бо ёрии мошини ҳуруфчин чида мешавад. Усулҳои гуногуни ҳуруфчинии автоматӣ басо маъмуланд. Аз усулҳои дастии чопи баланд бештар кандакорӣ дар чӯб (ксилография), линогравюра; чопи чуқур — кандакорӣ дар фулузот, офорт, акватинта, чопи ҳамвор — литография ҳарҷониба истифода мешаванд. Қолаби расмҳоро бо усулҳои фотомеханикӣ (автотипия, фотосинкография, фото литография, фототипия ва ғайра), инчунин бо ёрии мошинҳои электронии кандакорӣ тайёр мекуяанд. Ҳангоми чоп нусхаҳои аслии рангаро (гуногунранга дар қолабҳои чопии ранг ҷудокуни тавассути суратгирии рангҷудокунӣ ё истифодаи рангҷудокунандаҳои электронӣ тайёр мекунанд.

Просесси муқовабандӣ ба намуди маҳсулоти чопӣ вобаста аст. Маҳсулоти чопшударо бо мошинҳои махсус саҳифа ба саҳифа таҳ карда, медӯзанд. Баъд се тарафашро бурида, ширеш мекунанд ва ороиш медиҳанд.

Саноати полиграфӣ. Корхонаҳои полиграфӣ вобаста ба хусусияти истеҳсолот матбаа, тилолитография, фабрикаи чопи ранга, фабрикаи офсет ва ғайра номида мешаванд. Корхонае, ки якчанд просесСолҳои полиграфӣ ё намудҳои чопро дарбар мегирад, к о м б и н а т и полиграфӣ ном дорад. Корхонаҳои полиграфӣ аз рӯи намудҳои маҳсулоти чопи универсалӣ ё махсусгардонида (газетабарорӣ, газетаю журналбарорӣ, китоббарорӣ, картографӣ ва ғайра) мешаванд.

Дар Россияи тореволюсионӣ ҳамагӣ 2668 корхонаи полиграфӣ буд ва дар онҳо қариб 100 ҳазор кас (1913) кор мекард. Ба шарофати Октябри Кабир тамоми воситаҳои техникӣ ва моддии чопи газета, брошюра, китоб ва ғайра ба ихтиёри меҳнаткашон гузашт. Полиграфия ба яке аз соҳаҳои калонтарини саноат табдил ёфт. Солҳои 1918—1929 корхонаҳои саноатӣ консентрасия ва махсус гардонида шуданд.

Солҳои 30 баробарс сохтани як қа тор корхонаҳои навн пуриқтидори полиграфӣ матбааҳои пештара бо техпнкаи нав таҷҳнэоннда шуданд. Дар Москва, Ленинград, Киев, Харъ ков, Тошкент, Душанбе, Ашқобод, Олмаато ва ғайра корхонаҳои полигра фнп чопи китоб бино ёфтанд. соли 1940 дар СОСР 4784 корхонаи по лиграфӣ мавҷуд буд ва дар онҳозиёдааз 4И0 ҳазоркас кор мекард. Адади нашри китоб ннсбат ба соли 1913 3 баробар, адади нашрп газетаҳои гуногун 10 баробар афэуд.

Солҳои Ҷанги Буэурги Ватанн (1941—45) дар районҳои муваққатан аз тарафи истилогаронп немис пш голшуда 3 ҳазоркорхонаи полпграфӣ ванрону нобуд шуд. Солҳои 1944—1947 қисми зиёди ин корхонаҳо аз нав барқарор ва 3500 матбааи районӣ ташкил ёфт. 1 марти 1949 шумораи корхонаҳои полиграфӣ қариб ба 6000 расид, ки дар онҳо 190 ҳазор кас кор мекард.

Аз солҳои 50 сар карда дар таърихи инкишофи саноати полиграфӣ саҳифаҳои нав кушода шуданд. Корхонаҳои калонтарину пуриқтидори саноати полиграфӣ, монанди комбинатҳои полиграфии Калинин, Ярославл, Саратов, Минск, комплекси нави матбааи газетабарории «Правда», комбинати газетаю журналбарории нашриёти «Радянска Украина», фабрикаи чопи рангаи Киев ва ғайра сохта, ба истифода дода шуданд. Солҳои 1966—1970зиёдааз 400 корхонаи нави по лиграфӣ ба кор андохта, бештар аз 1000 корхона аз нав сохта ва васеъ карда шудаяд. соли 1975зиёда аз 3 ҳазор корхонаи полиграфӣ ва 3623 марказҳои нусхабардор амал мекарданд.

Саноати полиграфии ҳозиразамони советӣ бо техника ва технологияи пешқадам таҷҳизонида, просессҳои асосию ёрирасон механиконида ва автоматонида шудаанд. Адади нашри газета аз 2,7 млн (1913) ба 176 млн (11980), адади нашрп китоб мувофиқан аз 99 млн ба 1760 мли нусха расид. соли 1980 5236  номгӯй журнал ва дигар нашрияҳои даврӣ бо тиражи 3226 млн нусха аз чоп баромаданд.

Дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон то роволюсия корхонаҳои полиграфӣ вуҷуд надоштанд. Тамоми маҳсулоти чопӣ берун аз ҳудуди Тоҷикистон — дар Самарқанд, Тошкент, Ленинград, Қазон, Симферопол ва ғайра чоп мешуданд. Дар Тоҷикистон аввалин матбаа соли 1924 дар шаҳр Душанбе ташкил ёфт. соли 1925 ба эабови тоҷикӣ 4 номгун ва соли 1926 13 номгӯй китоб бо тиражи умумни 56 ҳазорнусха аз. чоп баромад. Минбаъд чопи китоб дар республшка рӯ ба тараққӣ ниҳод. Соли 1934 Комбинати полиграфии Душанбе сохта, ба истифода дода шуд ва он базаи асосии маҳсулоти чопии республикаро ташкил дод. Дар рӯзҳои аввали оғози кор комбинат ҳамагӣ 2 мошини ҳуруфчинӣ, 1 мошини ротасионӣ, 6 мошини чоп кунии «Пионер» ва 2 мошини литографӣ дошт. Соли 1976 дар шаҳри Душанбе комбинати нави полиграфӣ ба кор даромад, дар ҷои пештараи комбинат бошад, Матбааи № 1 ташкил ёфт.

Танҳо дар ин ду корхонаи калонтарини полиграфии республика бештар аз 65 мошини ҳозиразамони ҳуруфчинӣ, 32 мошини чоп ва 16 мошини баландмаҳсули чопи офсет кор мекунанд. Дар комбинати полиграфӣ мошини ротасионии газетбарорӣ ГАУ ба кор даромад, ки он газетаҳои респӯбликавӣ, газетаҳои марказии «Правда», «Известия», «Комсомолская правда»ро низ чоп мекунад.

Ҳоло дар республика, ба ғайр аз комбинати полиграфӣ ва Матбааи № 1, боз 3 матбааи вилоятӣ, 10 итиҳодияи истеҳсолӣ, 6 матбааи мустақил ва 12 матбааи соҳавӣ кор мекунанд.

Ҳамин тариқ, бо ёрии базаи полиграфии республика соле бештар аз 700 номгӯй китобу китобча, 50 ном гӯй газетаи республикавӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, районӣ, 18 номгӯй журнал (ба забонҳон тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ) ва бисёр дигар маҳсулоти чопӣ бароварда мешаванд.

Базаи полиграфии республика беш аз  пеш тараққӣ карда, участка ва сехҳои асосии корхонаҳои калони полиграфӣ механиконнда мешаванд. Дар комбинати полиграфӣ ва Матбааи № 1 хатҳои пай дар пайи просес солҳои кор ба роҳ монда шудааст.

Ад.:       Советская полиграфия — материальнотехническая база печати, дар маҷм.:            Ккига, 15, М., 1967; В и н оградов Г. А„ Полиграфическое производство, М., 1973; Экономика, организатция, технология полиграфич. Произ-ва. Реферативный сб., М., 1975. А. Дадоев.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …