Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Патагония

Патагония

Патагония (Patagonia), ноҳияи табииест дар Америкаи Ҷанубӣ. Дар ҷануби Аргентина, ҷанубтари дарёҳои Рио- Колорадо, Рио-Негро ва шарқтар аз кӯҳҳои Анд воқеъ гаштааст. Рел­ефи Пасха асосан пуштакӯҳи зинашакл буда, аз соҳили уқёнуси Атлантик рӯ ба тарафи Fарб. то 2200 метр баланд шуда ме­равад. Пастиҳо фақат дар қисми шимоли шарқӣ ва ҷануби шарқӣ мавҷуданд. Территорияи Патагония асосан аз табақаҳои таҳшинию вулқонии синнашон ме­зозой ва кайнозой, инчунин таҳнишастҳои пиряхӣ (моренаҳо) ва ғайра таркиб ёфтааст. Иқлимаш мӯътадил, бештар нимбиёбонист.

Шамолҳои сахт мевазанд. Дарёҳои Патагония аз кӯҳҳои Анд cap шуда, ба воситаи водиҳои тангу чуқур ноҳияро бурида мегузаранд. Баъзе кӯлҳои Патагония (Буэнос-Ай­рес, Пуэйрредон, Сан-Мартин ва ғайра) як қисми оби худро ба уқёнуси Ором мерезанд. Хоки заминҳои ноҳия бӯр, хокистарранг ва дорчинист. Бештар растаниҳои хушадор ва буттаҳои нимбиёбонӣ мерӯянд. Аз ҳайвоноти эндемӣ лама, саги магелланӣ, гурбаи пампагӣ, кашафпушт ва ғайра ҳаст. Паррандаҳо ҳам бисёранд. Соҳаи асосии хоҷагӣ — гӯсфандпарварӣ. Конҳон нефт ва гази табиӣ дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …