Главная / Ҷуғрофия / Пастии Тӯрон

Пастии Тӯрон

Пастии Тӯрон, ҳамвории Т ӯ р о н, қисми ҳамворӣ Осиёи Миё­на ва Қазоқистони Ҷанубист, ки онро биёбонҳои Қароқум, Қизилқум ва ғайра ишғол кардаанд. Дар Ҷануб бо кӯҳҳои Копетдоғ ва доманаи кӯҳҳои Паропамиз, дар Fарб бо соҳили шарқии баҳри Каспий, дар Шимол Fарб бо шохаҳои ҷа­нубии кӯҳи Муғоҷар, дар Шимол бо пуштакӯҳи Турғай, дар Шимоли Шарқ бо пасткӯҳҳои Қазоқистон, дар Ҷануби Шарқ бо кӯҳҳои Тиёншон ва Помиру Олой ҳамҳудуд аст. Дар Шарқ ба воситаи интиҳои шарқии биёбони Бетпакдала ва кӯҳҳои Чую Илӣ аз биёбонҳои ҳавзаи Балхашу Алоқӯл ҷудо шу­дааст. Қисми асосии Пастии Тӯрон бо плитаи Турон мувофиқат мекунад, ки таҳкурсии чиндори он бо таҳнишастҳои мезозой ва кайнозой пӯшида шуда, танҳо дар баъзе ҷойҳо (Манқишлоқ — кӯҳҳои Қаротоғ, Султан Увайс, баландии Қизилқиё, кӯҳҳои қисми марказии  биёбони Қизилқум) ба рӯ баромадааст. Дар ҳудуди нимҷазираи Манқишлоқ конвои нефту газ мавҷуданд.

Релефи Пастии Тӯрон бештар аз пастиҳои аккумулятивӣ, ҳамвориҳо ва пушта- кӯҳҳо (Устюрт, Красноводск ва ғайра) иборат аст. Хамии Қарогиё- (Ботур, аз сатҳи баҳр 132 метр паст) дар нимҷазираи Манқишлоқ воқеъ гаштааст, ки он нуқтаи аз ҳама пасттарини Пастии Тӯрон ба шумор меравад. Нуқтаи баланд- таринаш кӯҳи Оқтоғ аст (888 метр, дар массиви Томдитоғ).

Иқлими Пастии Тӯрон  ниҳоят континентӣ, биёбонӣ, иқлими қисми ҷанубиаш субтропикӣ. Хокаш—бӯри хокистарӣ, дар Шимол— камкарбонат, дар Ҷануб карбонатдори муқаррарӣ. Хоки ҳамвориҳои наздикӯҳии ҷануби Пастии Тӯрон хокистарранг аст. Дар ҳамворип Пастии Тӯрон асосан растаниҳои биёбонӣ мерӯянд. Дар қисми шимолии Пастии Тӯрон биёбонҳои регу гилдор, санглох ва дар қисми чанубиаш биёбонҳои лёссу регу гилдор, сагнлох, тақирҳо ва ҷо- ҷо биёбонҳои шӯрхок воқеъ гаштаанд. Дар биёбонҳои Қароқум, Қизилқум ва ғайра чарогоҳҳои мавсимӣ маҷуданд. Заминҳои кишт бо роҳи сунъӣ обёрӣ мешаванд.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

deha

БОЙМИРЗОӢ

БОЙМИРЗОӢ, деҳа дар ҷамоати деҳоти Саталмуши ноҳияи Балҷувон. Аз Боймирзоӣ то маркази ноҳия 4 км, …