Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Гваделупа

Партияи Коммунистии Гваделупа

Партияи Коммунистии Гваделупа (ПКГ), ҳамчун федератси­яи маҳаллии Партияи Коммунистии Франсия соли 1944 ба вуҷуд омада, ҳамчун партияи мустақил соли 1958 таъсис ёфт. Партияи Коммунистии Гваделупа яке аз партияҳои асосии сиёсии Гваделупа аст. Съез­ди 2-юми Партияи Коммунистии Гваделупа ПКГ (1961) вазифаҳои асо­сии сиёсии партияро муайян намуд: муттаҳид намудани тамоми меҳнаткашон дар мубориза барои ба Гваде­лупа дар доираи Республикаи Фран­сия додани автономияи дохили.

Съе­зди 3-юми Партияи Коммунистии Гваделупа ПКГ (1964) Устави партияро қабул кард. Соли 1975 Партияи Коммунистии Гваделупа ПКГ ва дигар партия ва ташкилотҳои прог- рессивии Гваделупа барои мубориза баҳри ҳуқуқи худмуайянкунии халқи Гваделупа Комитети доимии қувваҳои чапро ташкил карданд. Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Гваделупа ПКГ дар маҷлисҳои машваратии байналхалқии партия­ҳои коммунистӣ ва коргарӣ (I960, 1969, Москва) иштирок карданд.

Партияи Коммунистии Гваделупа ПКГ дар асоси принсипи сентра­лизма демократӣ сохта мешавад. Органи олии Партияи Коммунистии Гваделупа ПКГ — съезд, ки он Комитети Марказӣ интихоб мекунад, ки аз ҳайати он Бюрои сиёсӣ ва Котибот ҷудо карда мешаванд. Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Гваделупа ПКГ — Гя Даяент. Органи марказиаш газетаи ҳафтаинаи «Этевсель».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …