Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Папирусҳои математикӣ

Папирусҳои математикӣ

Папирусҳои математикӣ, ёдгориҳои илмии Мисри Қадим, ки ба асрҳои 21—18 то мелод мансубанд. Маъмултарини Папирусҳои математикӣ папируси Ринд (дар музеи Британия) ва папируси Москва (дар Музеи санъати тасвирии ба номи А. С. Пушкин) аст.

Папируси Риндаз номи со­ҳиби он — мисршинос А. Ринд (Rhind) бори аввал аз тарафи ма­тематики немис А. Эйзенлор тадқиқ ва соли 1877 нашр шудааст. Папируси Ринд аз маҷмӯи ҳалҳои 84 масъалае, ки татбиқи амалӣ доштанд иборат аст; ин масъалаҳо ба иҷрои амалҳо бар касрҳо, муайян кардани масоҳати росткунҷа, секунда, трапетсия ва доира, ҳачми параллелепипед ва силиндр, ҳалли масъалаҳои ариф­метики ва ғайра доиранд. Вале дар он ягон қоидаи умумии ҳалли ин масъ­алаҳо дода нашудааст.

Папируси Москваро мисршиносон Б. А. Тураев (1917) ва В. В. Струве (1927) омӯхтаанд; соли 1930 ба забони немисӣ пурра нашр шуда­аст. Он усулҳои ҳалли 25 масъалаеро, ки ба масъалаҳои папируси Ринд монанданд, дарбар мегирад. Омӯзиши Папируси математикӣ аз вазъи илми мате­матика дар Мисри Қадим маълумот медиҳад.

Ад.: Выгодский М. Я., Арифмети­ка и алгебра в древнем мире, 2 изд.. М.. 1967.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …