Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Панҷшоха

Панҷшоха

Панҷшоха, чоршоха, сешоха, асбоби деҳқонӣ. Панҷшоха чубин ва Оҳанин мешавад. Панҷшохаи чӯбин аз се қисм иборат аст: даста, тахтачаи ба даста пайваст ва шохаҳо. Даста аз чӯби бед (дарозиаш 150—180 см), шохаҳо (дарозиашон 28—33 см) аз чӯби сахт (заранг, фарқ, ирғай, зардолу ва ғайра) тайёр карда мешаванд.

Шохаҳоро аз сӯрохиҳои махсуси тахтача гузаронида, ба даста бо тасмаи чӯби ё чармӣ мебанданд. Ин навъ Панҷшохаро барои бод кардани хирман ис­тифода мебаранд. Барои бардоштани банди ғалла, алаф ё бор кардани пору Панҷшохаи оҳании саноатиро ба кор ме­баранд

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …