Маълумоти охирин

Озарии Тӯсӣ

Озарии Тӯсӣ Шайх Ҷалолуддин Алии Ҳамза ибни Алии Малик Ҳошимии Байҳақии Исфароинии Марвазӣ (1380, Исфарони — 1462, ҳамон ҷо), шоири мутасаввифи форс-тоҷик. Озарии Тӯсӣ муддате дар Тӯс зиндагӣ карда аз ин сабаб ба «Тӯсӣ» маъруф шудааст. Озарии Тӯсӣ дар ҷавонӣ ба шеъру шоирӣ пардохта, аввалҳо маддоҳи Шохрух ва маликушшуарои дарбори ӯ будааст.

Дар ҳамин ҷо ба Шайх Муҳйиуддини Ғизолии Тусӣ шогирдӣ карда, дар назди ӯ ҳадису ҳикмат омӯхтааст. Озарии Тӯсӣ бо ӯ ҳаҷ рафта, дар бозгашт дар Ҳалаб ба ҳалқаи муридони Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ дохил шуда, бори дуюм ба ҳаҷ рафтааст. Аз он ҷо бо роҳи Ҳиҷоз ба Ҳиндустон рафта, дар дарбори подшоҳи Дакан — Аҳмадшоҳ Валии Бақман эътибори зиёд пайдо карда, дар таърихи ин хонадон маснавии «Баҳманнома»-ро таълиф кардааст.

Пас аз чанде ба ватанаш баргашта, аз аҳли дарбори Мирзо Муҳаммади Бойсунқур гардидааст. Озарии Тӯсӣ соли 1436 дар Исфароин гушанишинӣ ихтиёр карда, тамоми дороияшро ба толибилмон бахшидааст. Озарии Тӯсӣ шоири забардасти замонаш буд. Девони қасоиду ғаза- лиёташ наздики 30000 байт аст.

Ба ҷуз девон маснавиҳои «Баҳманнома», «Имомия», «Самарот», «Ҷавоҳир-ул-асрор» (дар асрори хуруф, ки соли 1436 ба поён расондааст), «Мафотеҳ-ул-асрор» (дар тасаввуф) ва китоби «Саъй-ул-сафо», «Таърихи Каъба», «Туғрои Ҳумоюн», «Ғароиб- уд-дуньё ва аҷоиб-ул-аъло» (қисми дуюми «Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Қазвиниро аз арабӣ тарҷумаи манзум кардааст, ки бо номи «Аҷоиб-ул-ғароиб» низ маъруф аст) ба ӯ мансубанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …