Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Орияти ашё

Орияти ашё

Орияти ашё, дар хуқуқи со­ветӣ яке аз шаклҳои шартномаи кирои молу мулкиест, ки аз рӯи он ташкилотҳои махсуси сотсиалистӣ ба гражданҳо барои истифодаи муваққатӣ (бо додани музди истифода) лавозими рӯзгорро пешниҳод менамоянд.

Қоидаҳои умумии Орияти ашё дар Асосҳои қонунгузории гражданӣ ва КГ республикаҳои иттифоқӣ ба расмият дароварда шудаанд; шарт ва тартиби Орияти ашё бошад, дар Шартномаҳои намунавӣ оид ба навъҳои ҷудогонаи Орияти ашё, ки онҳоро Совети Вазирони республикаҳои иттифоқӣ ва қоидаҳои республикавии хизмати маишии аҳолӣ тасдиқ менамоянд, муфассал дарҷ ёфтаанд.

Шартномаи Орияти ашё одатан бо гражданӣ болиғ (агар дар қайди шаҳр ва райони мазкур бошад) баста мешавад. Ателе, пунк­ти ориятӣ ӯҳдадор аст ба миҷоз ашёи бенуқсро пешниҳод карда, ӯро бо қоидаҳои истифодаи ашёи мураккаби техникӣ шиносонад. Гирандаи ашёи ориятӣ дар навбати худ ӯхдадор аст музди кори ашёро сари вақт бидиҳад. Баробари тамом шудани мӯҳлати шартномаи Орияти ашё  ашё бояд бенуқсон баргардонида шавад. Дар сурати осеб дидана ашёи ориятӣ миҷоз ӯҳдадор аст товони онро бидиҳад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …