Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Орлеани Нав

Орлеани Нав

Орлеани Нав (New Orleans), шаҳрест дар ҷануби Штатҳои Муттаҳидаи Америка, дар штати Луизиана. Яке аз бандарҳои калонтарини мамлакат дар соҳили чапи дарёи Миссисипӣ ва назди халиҷи Мекси­ка. Узели калони роҳи оҳан, маркази му­ҳимми молия ва тиҷорат (пахта, ғалла, қанд ва ғайра).

Аэропорт дорад. Аҳо­лиаш 570 ҳазор нафар (зиёда аз ‘/4 ҳиссааш зангиён), бо атрофи шаҳр 1,1 миллион нафар (1975). Дар Орлеани Нав махсусан саноати маҳсулоти нефт ва химия (каучуки синтезӣ ва дигар маҳсулоти химиявӣ), истеҳсоли гилхоку алю­миний, инчунин саноати хӯрокворӣ (тоза кардани қанд, ба фурӯш тайёр намудани меваю сабзавоте, ки аз Америкаи Лотинӣ кашонда мешавад ва ғайра) ривоҷ ёфтааст. Корхонаҳои са­ноати киштисозию таъмири киштӣ, авиатсионию кайҳонӣ, истеҳсоли аслиҳа низ мавҷуданд. 5 университет дорад.

Шаҳрро соли 1718 франсавиҳо дар ҷои бошишгоҳи ҳиндуён бунёд кардаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …