Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Онтарио

Онтарио

Онтарио (Ontario), яке аз кӯлҳои системаи Кӯлҳои Бузурги Аме­рикаи Шимолӣ воқеъ дар, Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Канада. Қариб 310 километр дарозӣ ва то 90 километр бар дорад. Масоҳат 19,5 ҳазор километр* Чуқуриаш то 236 метр. Масоҳати ҳавзааш қариб 90 ҳазор километр2.

Об аз кӯлҳои дар боло чойгирифта ба воситаи дарёи Ниа­гара ба Онтарио мерезад, аз кӯл бошад дарёи Xазрати Лаврентий (роҳи киштигард ба уқёнуси Атлантик) ҷорӣ мешавад. Онтарио ба воситаи канали Уэлленд бо кӯли Эри ва ба воситаи каналҳои Осуиго ва Эри бо дарёи Гудзон алоқаманд аст. Давраи яхбандиаш декабр — апрел. Дар соҳили Онтарио шаҳрҳои Торонто, Гамил­тон, Кингстон (Канада), Рочестер (Штатҳои Муттаҳидаи Америка) воқеанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …