Маълумоти охирин
Главная / Илм / Олигофрения

Олигофрения

Олигофрения (аз олиго… ва рЬгеп — ақл), гурӯҳи бемориҳои модарзоди ё ғайримодарзодист, ки дар синни кӯдаки дар натиҷаи ба қадри кофӣ инкишоф наёфтани ақл ба вуҷуд меояд. Ҳангоми Олигофения, ба ғайр аз каӣақлӣ, аксар вақт инкишоф наёфтани қад, вайроншавии мутаносибии сохти бадан, сари вақт ба балоғат нарасидан, ихтилоли нутқ, ҳаракат, функсияи узвҳои ҳис низ мушоҳида мешавад.

Баъзе беморон беқарору тундхуй ва баъзеи дигарашон заифу камҳаракат мешаванд. Бемориҳои давраи ҳомила (сифилис, сурхакон, токсоплазмоз, камвитаминӣ, бемориҳои ғадуди сипаршакл, диабети қанд ва ғайра), инчунин мувофиқат накардани хуни модар ва ҷанин, ҷароҳат ва асфиксияи кӯдак (бенабзӣ, ҳолати патологие, ки дар натиҷаи ихтилоли нафас ба вуҷуд меояд) ҳангоми таваллуд, бемориҳои менингит, энсе­фалит ва ғайра боиси пайдоиши Олигофрения мегарданд.

Муолиҷа: асосан табобати симптомӣ; нигоҳубини хуб ва расонидани таъсири педагогӣ.

            П е ш г и р ӣ: аз бемориҳои сироятӣ, моддаҳои заҳрнок, таъсироти сахти механикӣ эҳтиёт кардани занҳои ҳомила, кӯдакон ва модароне, ки ширхора доранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …