Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Округи ҳарбии Туркис­тон

Округи ҳарбии Туркис­тон

Округи ҳарбии ордени Байрақи Сурхдори Туркис­тон — Округи ҳарбии Туркистон дар асоси декрета Совети Комиссарони халқии РСФСР аз 4 май соли 1918 бо имзои В. И. Ле­нин ташкил ёфт. Совети Комиссаро­ни Халқи РАСС Туркистон бо қарори худ 14 май соли 1918 ҳайати комис­сариати корҳои ҳарбиро тасдиқ кард. Комиссариати ҳарбии респуб­лика аввалҳо ба қӯшун ҳам маъму­рӣ ва ҳам оперативӣ роҳбарӣ ме­кард.

Қувваҳои Мусаллаҳи Туркис­тон миёнаҳои соли 1918 дар Армияи Сурх 8 ҳазор нафар ва дар Гвардияи Сурх 12 ҳазор нафар ҷанговар доштанд. Сонитар дар муборизаи муқобили ннтервентҳо ва гвардиячиёни сафед қисмхои нави Армияи Сурх ташаккул ёфтанд, дар нимаи дуюми соли 1918 дар Туркистон 5 полки Армияи Сурхи Коргару Деҳқон амал мекард. Дар фронтҳо баробари қисмҳои Ар­мияи Сурх отрядҳои Гвардияи Сурх мубориза мебурданд.

18 октябр 1919 КИМ Умумииттифоқ ва СКХ РСФСР барои ташкили комиссия (Туркко- миссия) оид ба корҳои Туркистон карор қабул карданд ва ба ҳайатк он Ш. 3. Элиава (раис), М. В. Фрунзе, В. В. Куйбышев, Ф. И. Глощекпн, Г. И, Бокий ва Я. Э. Рудзутак дохил шуданд. Қушунҳои Туркфронт барои барқарор кардани Ҳокимияти Советӣ дар Хева ёрии бародарона расонданд. Августи 1920 бо роҳбарии Партияи Коммунистии Бухоро дар Чорҷӯй, Кармина, Шаҳрисабз, Хатирчӣ ва дигар маҳалҳо шӯриши яроқнок cap шуд.

25 август Турккомиссия бо Бюрои туркистонии КМ РКП(б) ва Совети Республикавии Ҳарбии Туркфронт якҷоя бо Бюрои Марказии Партияи Коммунистии Бухоро ва Комитети Марказии револютсионӣ маҷлис гузаронданд. Маҷлис қаpop кард, ки ба меҳнаткашон дар мубориза ба муқобили ҳукмронии амир ёрии мусаллаҳона дода шавад. Соли 1926 Фрон­ти Туркистон ба Округи ҳарбии Осиёи Миёна табдил ёфт ва то июли 1945 ҳамин тавр номбар мешуд.

9 июли 1945 бо фармони Коммиссариати халқии мудофиаи СССР аз Округи Ҳарбии Осиёи Миёна Округи Харбии Дашт ҷудо карда шуд. 13 феврал 1946 Округи Ҳарбии Дашт барҳам хӯрд ва қӯшунҳои он ба ҳайати Округи ҳарбии Туркистон ҳамроҳ гардиданд. 22 феврал 1968 Округи ҳарбии Туркистон ба гирифтани ордени Байрақи Сурх сазовор гардид.

Аз соли 1919 то 1976 ба фронти Тур­кистон (Округи ҳарбии Туркистон, Округи Ҳарбии Осиёи Миёна) инҳо фармондеҳӣ карданд: К. А. Авксентевский, И. Р. Апанасенко, С. Б. Белоножко, М. Д. Великанов, П. Е. Дибенко, А.. И. Корк, П. С. Курбаткин, В. С. Лазаревич, М. К. Левандовский, И. Ф. Липатов, А. Д. Локтио­нов, А. А. Лучинский, Н. Г. Ляшко, И. Е. Петров, Л. Г. Петровский,

С. А. Пугачёв, А. И. Родзиевский, С. Г. Трофименко, И. И. Федюнинский, М. В. Фрунзе ва В .И. Шорин.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …