Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Обухова Надежда Андреевна

Обухова Надежда Андреевна

Обухова Надежда Андреевна (6. 3. 1886, Москва —15. 8. 1961, Феодосия), сарояндаи советии руси (мессо-сопрано), Артисти Халқии СССР (1937). Соли 1912 Консерваторияи Мос­кваро (синфи У. А. Мазетти) хатм намуда, аз худи ҳа­мон сол дар консертҳо бароӣад кардааст. Солҳои 1916 — 1943 — солисткаи Театри Калон (партияи аввалинаш —Полина аз «Моткаи қаромашшгоқ»-и П. Чайковский).

Обухова аз бузургтарин намояндагони мактаби вокалии рус буда, овозаш ниҳоят фо­рам ва диапазонаш васеъ мебошад. Истеъдоди фавқулоддаи сарояндагӣ, возеҳ ифода кардани риёзатҳои қаҳрамон, малодату фатонати зоҳирӣ хоси ин актрисаи номӣ буд.

Пар­тияҳои беҳтаринаш: Любаша («Аруси шод»-и Н. А. Римский-Корсаков), Марфа («Хованшина»-и М. П. Му­соргский), Кармен («Кармени Ж. Бизе), Любовь («Мазепа»-и П. Чай­ковский), Любава, Кашеевиа, Бофанда, Бадор, Ганна («Садко», «Кашеи бадмур», «Афсонаи шоҳ Султон», «Барфак», «Шаби моҳи май” – ҳама аз Римский – Корсаков), Кончаковна («Князь Игор»-и А. П. Вв­одив), Марина («Борис Годунов»-» Мусоргокий), Амверис («Аида»-и Ҷ. Верди), Далила («Самсон ва Далила»-и Сен-Сапе) ва ғайраро бо маҳорати том иҷро кардааст.

Романсҳо, сурудҳои русиву неаполитанӣ, инчунин асарҳои композиторони советиро бо назокату нафосат ва эҳсоси амиқ, хусусияти миллии мусиқиро нигоҳ дошта, мувофиқан ба услуб ва замони офарида шудани асарҳо иҷро мекард. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943). Бо ордени Ленин ва ду ордени дигар мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …