Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Нола Сайидғозӣ

Нола Сайидғозӣ

Нола Сайидғозӣ (1763, Истаравшан — 1844, ҳамон ҷо), шоири то­ҷик. Фарзанди Хоҷа Убайдуллоҳи Солик. Аз хурди ба шеъргӯӣ ва омӯзиши илмҳои расмии замон шӯруъ намуд. Пас аз вафоти падараш сарварии доираи адабии Истаравшанро ба ӯҳда гирифт. Умархони Амирӣ Истаравшанро забт намуда, баробари молу ғаноим ва асирон Нокро ба Хуҷанд бурд.

Умархон умед дошт, ки Нок чун дигар шоирони дарбор ӯро мадҳу тавсиф хоҳад кард, вале Нок ба ҳама ранҷи ғурбати тоб оварда, ба итоати хон надаромад. Пас аз вафоти Умархон Нок ба Истаравшав баргашгта, дар синни 81-солагӣ вафот кард. Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар «Тӯҳфат-ул-анбоб фй тазкират-ил- асҳоб» давраи зиндагии Ноларо дар Хӯқанд ба назар гирифта, ӯро бо нисбаи «Хӯқандӣ» ёд мекунад. Ин фикр ба тазкираҳои минбаъда ва ба «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ роҳ ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти маъхазҳои адабӣ Нола шоири соҳибдевон будааст, вале девонаш ба даст наомадааст. Дар «Маҷмӯат-уш-шуаро»-и Фазлии Намангонӣ 25 ғазал, 1 қасида, 2 мухаммас ва 1 мустазоди Нола дохил кар­да шудааст. Дар дигар тазкираҳову баёзҳои асри 19 низ асарҳои ӯ ба назар мерасанд. Аз ашъори боқимондаи Нола бармеояд, ки ӯ ба мавзӯъҳои ишқ, шикоят аа ғарибӣ, дурӣ аз ёру диёр, баёни ҳасби ҳол ва ғайра даст задааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …