Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нитрификасия

Нитрификасия

Нитрификасия (аз «нитр… ва лотинӣ facio — мекунам), просесси мик­робиологии табдили намакҳои аммо­ний ба нитратҳо (шакли асосии ғизои нитрогении растанӣ). Дар хок ва оби обанборҳо ба амал меояд. Нитрификасия нишондиҳандаи ҳосилхезии хок аст. Нитрификасияро бактерияҳои нитроандӯзи хемосинтезӣ ба вуҷуд меоваранд. Нитрификасия дар ду давр мегузарад. Аввал иони аммоний бо таъсири бактерияҳои даври якуми Нитрификасия то нитрит-ион, пас нитрит-ион бо таъсири бактерияҳои даври дуюмии Нитрификасия то нитрат-ион оксид мешавад. Нитрификасия ҳангоми 5—9 будани pH-и хок мегузарад. Ҳангоми камии нитроандӯзҳо-организмҳои аэробӣ ва ҳавои хок Нитрификасия бозмеистад. Коркарди хуби хок суръати Нитрификасияро метезонад.

Дар натиҷаи афзудани ҳаҷми сӯзишворӣ (заводҳо, муҳаррикҳои дарунсӯз) дар ҳаво оксидҳои нитроген ҳо­сил шуда, бо боришот ба хок ва обанборҳо мерезанд ва бо ёрии бак­терияҳои нитроандӯз ба нитратҳо табдил меёбанд. Аз ҳад зиёд шудани нитратҳои об сифати нӯшокии онро барҳам медиҳад. Баъзан барои суст намудани Нитрификасия моддаҳои химиявиро ба кор мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …